shoh palace
#5 СИТОРАҲО ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?
1867

Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?!

Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд.

Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?

 

- Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?

- Рости гапро мегӯям, ки даромад нест. Ҳамаи захираи пулию молие, ки дар дастам буд, дар ин муддат сарф шуд. Шукр, ки оилаи мо калон асту ба ҳамдигар кӯмак мерасонем. Махсус писарам аз ҷиҳати молӣ оиларо таъмин карда истодааст.

- Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед?

- Якуним моҳ мешавад, ки дар хона дар карантин ҳастем. Мо сари вақт қоидаҳои пешгирӣ аз коронавирусро риоя кардем. Дар хона нишастем ва хонаро пурра дизинфексия кардем.

- Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед?

- Тамоми дунё аз ин вабо дар шигифт афтодаанд. Барои саломату бардам мондан ва сироят наёфтан бояд ниқобҳои муҳофизатӣ истифода карда, дастони худро шустушӯ кунанду дар ҷойҳои серодам нагарданд ва бештар дар хона бимонанд.

Барои кули дӯстон ва ҳаводоронам гуфтаниям, ки бо ин вирус ҷиддӣ муносибат намоянд, чунки ин вирусро дидан ноаён аст. Одам имкон дорад, ки дар дилхоҳ ҷой сироят ёбад. Саломатии бардавом ва вақти хуш ба ҳама хонандагони шумо таманно дорам.

 

P. S: Сомонаи "Оила" силсиласуҳбатҳояшро бо ситораҳои санъати тоҷик идома дода, ҳар рӯз соати 9:00 бардоштаҳояшро дар сомона нашр мекунад. Пагоҳ суҳбати моро бо Ситораи Кароматулло дар мавзӯи мазкур пайгирӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД