Arzon march 2024
50 ҳазор сомонӣ туҳфаи Президент ба ҳар як иштирокчии ҶБВ
316

Имсол мардуми шарифи тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳои собиқ Шӯравӣ 80-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашизмро ҷашн мегиранд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар иштирок намуда, 92 ҳазорашон дар ин ҷанги хонумонсӯз аз тири душман ҷон доданд.

Имрӯз аз иштирокчиёни ҶБВ дар Тоҷикистон танҳо 17 нафар зинда мондаанд, ки 8 нафарашон дар вилояти Хатлон, 2 нафар дар Суғд, 5 нафар дар навоҳии тобеи марказ ва 2 нафарашон дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд.

Давлату ҳукумати мамлакат ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, талошу муборизаҳои онҳоро барои озодии банни башар аз зулми фашистон қадрдонӣ менамояд.

Бо фармони Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 80-солагии Рӯзи Ғалаба ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 000 сомонӣ туҳфа карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД