Arzon march 2024
550 гранти таҳсилӣ барои довталабон
395

Қабули ҳуҷҷатҳо барои барномаи идрорпулӣ (стипендиальную программу) барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон оғоз шуд.

Дар ин барнома шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла сокинони Қазоқистон, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон нестанд, метавонанд ширкат варзанд.

Қабули дархост ва ҳуҷҷатҳо тариқи веб-сайти Маркази миллии рушди таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон https://enic-kazakhstan.edu.kz/сурат мегирад. Барои довталабон 550 грант, аз ҷумла барои бакалавр 490, магистратура 50 ва докторантура 10 грант ҷудо шудааст. Ба ин грант маблағи таҳсили ройгон ва стипендияи ҳармоҳа вобаста ба пешрафти таҳсили донишҷӯ дохил мешавад.

Қабули онлайнии ҳуҷҷатҳо дар веб-сайти Маркази миллии рушди таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон https://enic-kazakhstan.edu.kz/ аз 30-юми март оғоз шуда, то 30-юми июни соли 2023 идома хоҳад ёфт. Интихоби довталабон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, натиҷаҳои санҷиши онлайн барои муайян кардани тавоноии мутобиқшавӣ ва мусоҳибаҳои онлайн сурат мегирад.

Рӯйхати дорандагони стипендия то 28 августи соли ҷорӣ нашр карда мешавад. Барои маълумоти бештар метавонед ба рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

+7 (7172) 28 75 26;

+7 (7172) 28 75 31;

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД