formula
6 роҳи наҷот аз сеҳру ҷоду
986

 

Мехоҳам бидонам, ки оё василаҳои шаръӣ барои муҳофизат кардани худ аз сеҳр пеш аз рух додани он мавҷуд аст. Ва агар ҳаст он кадом аст?
Сафиаллоҳ, ш. Ҳисор

Яке аз муҳимтарин василаҳои муҳофизат кардани худ аз хатари сеҳр пеш аз рух доданаш, ин ҳифз намудани худ бо зикрҳои шаръӣ, дуоҳо ва таъаввузот мебошад, ки дар суннат омадааст.
Аз ҷумла:

1. Қироат намудани ояталкурсӣ баъд аз ҳар намози фариза, пас аз зикрҳои машрӯъе, ки пас аз саломи намоз хонда мешавад.
2. Ҳамчунин қироат намудани ояталкурсӣ ҳангоми хоб. Ояталкурсӣ бузургтарин ояти Қуръони Карим аст. Он оят сухани зерини Аллоҳ таъоло мебошад:
«Аллоҳ зотест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ вуҷуд надорад. Ҳамеша зиндаву тадбиркунандаи ҳама чиз аст. На хоби сабук (ғанаб, пинак) Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад? Он чиро, ки пеши рӯи онҳост ва он чиро, ки пушти сари онҳост, медонад (яъне аз аҳволи гузашта ва ояндаи мардум бохабар аст) ва ба чизе аз илми Ӯ иҳота (ва огоҳӣ) намеёбанд, магар он чӣ худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва ҳифзу нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест ва Ӯ баландмартабаву бузург аст». (Сураи Бақара: 255).
3. Инчунин қироат намудани «Қул ҳуваллоҳу аҳад», «Қул ъаузу бирабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу бираббин нос» пас аз ҳар намози фариза ва се маротиба қироат намудани ин се сура дар аввали рӯз, яъне пас аз намози бомдод ва дар аввали шаб, яъне пас аз намози шом.
4. Қироат намудани ду ояти охири сураи Бақара дар оғози шаб. Аз Расулуллоҳ (с) собит шудааст, ки мефармояд: «Касе, ки дар шаб ояталкурсиро бихонад, аз ҷониби Аллоҳ таъоло барояш муҳофиз ва нигаҳбоне гузошта мешавад ва то субҳ шайтон ба ту наздик намешавад».
Ҳамчунин аз расулуллоҳ (с) собит шудааст, ки мефармояд: «Касе, ки ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, ӯро кифоят мекунанд». Маънояш - боз Аллоҳ донотар - ин аст, ки аз тамоми бадиҳо ӯро кифоят мекунанд.
5. Зиёд паноҳ бурдан ба калимаҳои комили Аллоҳ аз бадии он чӣ офаридааст, дар шабу рӯз ва ҳангоми фуруд омадан ба ҳар манзиле дар шаҳр ё саҳро ё ҳаво ё баҳр, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас ба манзиле фуруд ояд ва сипас бигӯяд:
"Аъузу бикалимотиллоҳи-т-томмоти мин шарри мо халақ".
(Ба калимаҳои комили Аллоҳ аз бадии он чи офаридааст, паноҳ мебарам), то вақте, ки аз он ҷо наравад, ҳеҷ чиз ба ӯ зараре нахоҳад расонд».
6. Мусулмон бояд дар аввали рӯз ва аввали шаб (яъне дар субҳу шом) се маротиба бигӯяд:
"Бисмиллоҳи-л-лазӣ ло язурру маъасмиҳи шайун фи-л-арзи ва ло фи-c-caмoи ва ҳува-с-самиъу-л-ъалим". (Ба номи Аллоҳ, ки бо номи Ӯ ҳеҷ чизе дар замин ва осмон зарар намерасонад ва Ӯ шунавову доност).

Ин зикрҳо ва таъаввузот яке аз бузургтарин василаҳои эмин мондан аз бадии сеҳр ва дигар бадиҳо барои касест, ки онро пайваста бо сидқу имон, эътиқод ба Аллоҳ, эътимод бар Ӯ ва хушҳолӣ бихонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД