arzon replenishment
6 сирри ҷавон мондани занон
1488


Зан новобаста аз синну солаш бояд ҳамеша ҷавон, зебо ва дилкаш бошад, чунки пеш аз ҳама вай чароғи хонадон, ҳамсар ва модар аст.

Барои он ки ҳамеша дилбару дилкаш бошед, шумо бояд ба чанд қоидаи оддӣ риоя намоед.
Хушбахтӣ хоҳӣ, табассум кун!

Чизе, ки занро ба назар ҷаззоб ва дилкаш нишон медиҳад, пеш аз ҳама табассуми малеҳи ӯст. Вақте ки зан табассум мекунад, дунё ба сари мард хароб гашта бошад ҳам, тамоми мушкилоти худро дар як лаҳза фаромӯш месозад, барои ҳамин то метавонед табассум кунед.

Машқ карданро фаромӯш насозед!

Албатта барои дар давоми рӯз нигоҳ доштани табъи хушу рӯҳи болида танҳо табассум кофӣ нест. Хоҳед, ки чеҳраатон ба назар пуртароват намояд, ҳар саҳар машқ кунед. Машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳатто 10 дақиқа давом кунанд ҳам, кори мушшакҳоро фаъол гардонида, рӯҳияи занро мебардоранд. Машқ кардан дар назаратон бисёр душвор тобад, аққалан каме пиёда роҳ гардед.

Аз ниқобҳои ҳуснофар истифода баред!

Баъди аз кор баргаштан даррав ба иҷрои корҳои хона напардозед. Ба хона омада ақаллан 20 дақиқа барои худ вақт ҷудо намуданро ба ҳукми анъана дароред. Дар ин муддати кӯтоҳ чӣ корро анҷом додан мумкин аст? Метавон ягон ниқоби оддиякро, ки аз маҳсулоти дар зери даст буда омода мешавад, тайёр карда, ба ҳусни худ ҳусни тоза зам намуд. Масалан, ниқоби тароватбахши бодирингӣ ё ниқоби ғизоноки аз банан тайёршуда ё худ маводи оромкунандаи пӯст - ниқоб аз чойи кабуд. Ин ниқобҳо аз кас вақту қувваи зиёд талаб намекунанд, вале натиҷаашро дер интизор шудан лозим намеояд. Хуши нақоб тайёр кардан надошта бошед, метавонед сачоқро аввал ба оби гарм тар карда, ба рӯятон монед ва пас аз чанде онро ба оби хунук тар кунед ва боз ба рӯй монед.

Ороиши мӯй

Дар зебоии зан мӯйҳо бешак, нақши муҳим мебозанд. Барои ҷавон намудан ба мӯйҳо диқкати махсус додан лозим аст. Ороишгарони мӯй (парикмахеры) бар он ақидаанд, ки мӯйи кӯтоҳ ба занҳои калонсол зебанда аст.

Атриёт

Атриёт метавонад занро дар назари атрофиён ҷавонтар муаррифӣ намояд, аммо барои ин, шумо бояд атрро дуруст интихоб кунед. Атрҳои накҳати сабукдоштаро интихоб кардан беҳтар аст. Масалан, атрҳои буйи гул, меваҳои ситрусӣ, ҳулбӯй (мята) ва ба инҳо монанд...

Дандон не, як шадда марворид

Тавре ки дар ибтидо гуфтем, бузургтарин аслиҳаи зан табассуми ӯст. Барои он ки табассуми шумо боз ҳам зеботар бошад, ба нигоҳубини дандонҳоятон аҳамияти ҷиддӣ диҳед.

Дар ёд доред, ки ҳатто нимтабассум ҳам ба шумо эҳсоси хурсандӣ мебахшад ва бонуи хушҳолу хурсанд ҳама вақт ҷавон менамояд.

Бонувони азиз, дидед, зебову ҷавон будан роҳҳои осону каммасраф ҳам дорад, фақат каме завқ лозим. Ба пеш ба сӯйи ҷавониву зебоӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД