formula
6 ситораи синамо, ки дар соли 2023 модар шуданд
621


Мардуми тоҷик тамошои сериалҳои туркиро хеле дӯст медоранд ва мехоҳанд дар бораи ҳаёти пасипардагии қаҳрамонони ин филмҳо ҳарчи бештар бидонанд.

Аз ҳамин хотир имрӯз мо дар бораи 5 оилаи ситораҳои синамои турк маълумот медиҳем, ки дар соли 2023 соҳиби фарзанд гаштанд.
Сарфи назар аз он ки волидон чандсола ва чикора ҳастанд, тавлиди фарзанд дар ҳаёти ҳар як оила хурсандиовартарин рӯйдоди зиндагист. Албатта ситораҳо низ истисно нестанд. Тавлиди тифл дар хонадони шахсиятҳои шинохта натанҳо барои худи онҳо, балки баҳри мухлисон ва ҳаводоронашон низ ҳодисаи фараҳбахш ва хурсандиовар мебошад. Чанд тан аз ситораҳои синамои турк низ дар соли 2023 бо муждаи тавлиди тифл дар хонадонашон ҳаводорони худро шод гардониданд.
Бурак Озчевит аз чашми бад метарсад
Яке аз машҳуртарин ҳунармандони синамои турк-Бурак Озчевит ва ҳамсараш Фахрия Эвдҷен 18-январи 2024 яксолагии писарашонро ҷашн мегиранд. Ин тифли накупай 18-январи соли 2023 ба дунё омада, фарзанди дуюми оилаи ситораҳо мебошад. Волидони хушбахт писари дуюмашонро Карим ном ниҳодаанд, вале то ба имрӯз чеҳраи кӯдакро пинҳон медоранд. Эҳтимол ҳарос доранд, ки ба кӯдак чашм мерасад.

Лайло аз “Қасоси ширин” писардор шуд
Лайло Тугутуғлу, ситораи сериалҳои туркии “Духтари ман”, “Асали ҷангалӣ”, “Ишқи иҷоравӣ” ва “Қасоси ширин”санаи 18-январи соли 2023 фарзанди дуюмашро ба дунё оварда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯру валвала барпо намуд. Актрисса усули обии таваллудро интихоб карда буд ва мухлисонаш аз он ҳарос доштанд, ки бо ин зебосанам ва фарзандаш ягон ҳодисаи нохуш рӯй медиҳад.
Хушбахтона ҳамааш ба хубӣ анҷом ёфт ва Лайло баъди ба дунё омадани писараш хабар дод, ки ҳоли ӯ ва кӯдакаш комилан хуб аст. Эврен Дениз писари дуюми Лайло Тугутуғлу буда, ба наздикӣ яксола мешавад.
Хазал Кая аз тарси заминларза
кӯдаки норасид таваллуд кард
Ситораи сериалҳои «Марал» ва «Ишқи мамнӯъ» Хазал Кая аз тарси заминларзаи шадиде, ки соли гузашта дар Туркия рӯй дода, бар асари он ҳазорон одамон ҷони худро аз даст доданд ва садҳо ҳазори дигар бехонаву дар монданд, кӯдаки норасид таваллуд кард. Табибон сабаби пеш аз мӯҳлат ба дунё омадани духтарчаро дар стресси шадид дида, хавф доштанд, ки кӯдак зинда намемонад, вале хушбахтона ҳамааш ба хубӣ анҷом ёфт.
Хазал то лаҳзаи охир ба зарардидагони заминларза кӯмак мерасонд ва аз шиддати ҳаяҷон тифли батнашро пеш аз муҳлат ба дунё овард. Ба ин духтарчаи қаҳрамон Лайло ном гузоштанд. Новобаста ба норасид буданаш Лайло комилан солимбуда, 11-феврал яксола мешавад.
Асли Анвар духтарчадор шуд
Ситораи дигари синамои турк Асли Анвар тобистони соли 2023, аниқтараш санаи 3-июл соҳиби дух арчаи заркокуле гашта, исмашро Элай гузошт. Актрисса мехост фарзандашро дар Ангия таваллуд кунад, вале тифлак дар яке аз клнникаҳои машҳури Туркия зери назорати духтури номдор Танер Усто ба дунё омад.

Эзги Мола дар як сол шавҳар кард ва модар шуд
Моҳи майли соли 2023 ситораи сериали “Ҷамъияти ашрофзодагон” Эзги Мола ба Мустафо Асакилл ба шавҳар баромада, пас аз чанд моҳ фарзанди нахустинашро ба дунё овард. Ситораҳо ин хушхабарро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мухлисонашон расонда, гуфтанд, ки кӯдак норасид ба дунё омадааст, вале зиндаву саломат аст.
Эзги ба писараш Ҷон ном ниҳодааст ва ҳамеша дар суҳбат бо журналистон таъкид мекунад, ки Ҷон ҷони ширин ӯст.

Ду бурди Каан Урганҷиоғлу дар соли 2023
Ситораи машҳуртарини синамои турк Каан Урганҷиоғлу 21-июни соли 2023 хушхабари тӯйи домодиашро ба мухлисони сершумораш расонида, духтари дӯстдоштааш Бурҷу Денизерро ба занӣ гирифта. Оилаи ситораҳои ҷавон охири соли 2023 соҳиби фарзанд гаштанд. Актёр иқрор шудааст, ки хабари ба таваллудхона бурдани занашро дар майдончаи наворгирӣ шунида, дарҳол ба он ҷо шитофт ааст. Кааан дар он лаҳзаҳои ҳасос дар бари занаш буда, дар ба дунё омадани кӯдак ёрӣ расонидааст, вале мегӯяд гумонм екард, ки филм тамошо карда истодааст. Навзодро Ардич ном ниҳоданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД