Formula september
6- усули ороиши мӯй, ки дар байни мардон мӯд ҳастанд
6344

Бисёр мардҳо мехоҳанд,ки дар оғози сол ба намуди зоҳири худ тағйирот ворид созанд. Барои нав кардани намуди зоҳирии худ ё илова кардани ҷаззобияти бештар лозим нест, ки услуби (стиль) худро ба куллӣ тағйир диҳед. Иваз кардани тарзи ороиши мӯйи сар кифоя аст.

Мӯйи сар-корти бурди мард

Мӯйи сари мардҳо ҳамеша бояд оро дода шуда бошад, зеро мӯйи сар диққати занҳоро тез ба худ ҷалб мекунад. Бо интихоби дурусти ороиши мӯй шумо метавонед шакли чеҳраи худро тағйир диҳед.

Намудҳои ороиши мӯй барои мардон

Мардҳо бештар ба мӯйҳои кӯтоҳ одат кардаанд, зеро нигоҳубинаш осон буда, ороиши мураккаби ҳаррӯзаро талаб намекунад. Бартари дигараш дар он аст, ки мӯйи кӯтоҳ барои мард универсалӣ ҳисобида шуда, ба ҳама гуна намуди либос мувофиқ аст. Дар баробари мӯйи кӯтоҳ боз намудҳои зиёди ороиши мӯйи мардона мавҷуданд, ки бисёр зебандаанд.

Бокс

Яке аз намудҳои маъмултарини мӯйҳои кӯтоҳи мардон аст. Дарозии мӯй 3-4 см мебошад.Ин тарзи ороиши мӯй рӯйро мекушояд ва хусусиятҳои мардонаи чеҳраро ба таври комил нишон медиҳад.Ин тарзи ороиши мӯй асосан ба варзишгароне,ки ба бокс машғуланд, хос мебошад, чунки барои машқ ва мусобиқаҳо мувофиқ аст.

Нимбокс

Як зернавъи бокс буда, аз бокс бо дарозии худ фарқ мекунад.Дарозиаш 7 см буда, хати гузаришаш аз як дарозӣ ба дигараш пасттар карда мешавад.

Канадка

Ба мӯйҳои кӯтоҳи буридашуда, паҳлӯҳо ва пушти сар хос аст. Аммо муҳимтарин хусусияти ин навъи ороиши мӯй гузариши ҳамвор аз торҳои кӯтоҳ ба дарозтар аст. Мӯйи сар бо бориккунии дуруст анҷом дода мешавад. Ногуфта намонад, ки замоне ин намуди ороиши мӯй аз хоккейбозони Канадка дар байни мардон шӯҳрат пайдо карда буд.Онҳо аввалин шуда дар бозии худ аз ин намуди ороиши мӯй истифода карданд. Имрӯз ин тарзи ороиши мӯй дар байни ҷавонон ва ҳатто пиронсолон маъмул аст.

Андеркат

Ин тарзи ороиши мӯй аз дигар тарҳҳои мӯй бо паҳлӯҳои ба таври хос тарошидашуда ва пушти сар фарқ мекунад. Дар зери буриши хатҳо ҳамворӣ вуҷуд надорад: қисми болоии мӯй қисми поёниро фаро мегирад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки он барои мардоне, ки мӯйҳои ҷингила ва дағал доранд, мувофиқ нест: ҳар рӯз барои ороиш додани мӯятон шумо бояд вақт ва ороишоти зиёдеро сарф намоед.

Фейд

Ин тарзи ороиши мӯй бештар дар байни ҷавонон маъмул буда, вақти зиёдро намегирад. Аслан он ба мардоне,ки мӯйҳои дароз доранд мувофиқтар мебошад, вале мӯйи дароз на ба ҳар мард мезебад. Мардоне, ки мӯйҳои дароз доранд, бояд аҳамияти нигоҳубини дурусти мӯйро дар хотир дошта бошанд. Мӯйи дарозро одатан мардони ҷасур ва намояндагони ҷаҳони эҷодӣ: рассомон, навозандагон, нависандагон интихоб мекунанд.

Каскад

Ин тарзи ороиши мӯй ҳеҷ мушкиле ба вуҷуд намеорад.Каскад тезу тунд ва фарқ доштани хатҳоро дар назар дорад, ки бепарвоиро нишон медиҳад. Дар каскад торҳои боло ҳамеша аз торҳои поёни мӯй кӯтоҳтаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД