Шарт нест, ки дар айёми сармо ҳатман “пуховик” пӯшед ё дар либоси тираранг ба назар нонамоён бимонед, ҳатто дар фасли зимистон низ зан метавонад бо сару либоси шинаму замонавиаш ба назар мисли фаришта зебо намояд.
Моделерони машҳури олам барои зимистони соли 2024 як силсила либосҳои хеле ҷаззоб ва хуштарҳеро пешкаш менамоянд, ки аз як зани оддӣ фаришта сохта метавонанд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи чанд навъи либоси зимистона маълумот медиҳем, к и соли равон мӯд шудаанд.
Дубленка ё пӯстин чармӣ харед!
Барои он ки аз сару либоси худ шарм надоред ва ба назартатрофиён як бонуи замонавӣ намое, дубленка ё пӯстини чармии духт ва тарҳаш ғайриоддиро ба бар намоед. Пӯшидани чунин либос, хоса пӯстини чармӣ бо гарданбанди мӯина (мех) бисёр шинам буда, қаду қомати занро ба назар зебою дилкаш ҷилва медиҳад ва ба соҳибаш шаҳомати хоса мебахшад.
Дубленкаҳои дароз бо гиребони васеъ
Имсол дубленкаҳои дарозе, ки гиребони васеъ доранд ва бо риштаи сиёҳу сафед дӯхта шудаанд, дар мӯд ҳастанд. Гиребонаш дуқабата ва рангаш ғайриоддӣ бошад, боз ҳам беҳтар аст. Чунин дулёнкаро пӯшида, ба миёнатон тасма-миёнбанди зарҳалин ё нуқрагун бандед,маликаи ҳақиқӣ мешавед.
Дубленкаро бо чӣ мепӯшанд?
Дублёнкаро бо шими сиёҳ ё ҷинс пӯшида, свитер ё куртаи гарми аз матоъи пахтагин ё пашмӣ омодашуда пӯшидан мумкин аст. Моделерон маслиҳат медиҳанд, ки дубленкаро ҳатман бо мӯзаи дарози класскии чармӣ пӯшед.
Пӯстини чармӣ
Имсол пӯстинҳои чармӣ ва пашмин низ дар мӯд ҳастанд. Моделерон маслиҳат медиҳанд, ки барои ба назар ҷаззобтар намудан пӯстини чармии гиребонаш мӯина (мех) доштаро интихоб намоед. Вақте ки чарм ва мӯина якҷоя мешаванд, шаҳомати соҳиби чунин либос чандин маротиба меафзояд.
Пӯстини чармиро бо чӣ пӯшидан беҳтар аст?
Пӯстинчаи кӯтоҳаки чармӣ, ки гиребони мӯина дорад, бо доман (юбка)-и чармӣ ба назар бисёр зебо ва завонавӣ менамояд. Бо чунин либос метавонед водолазка ё куртачаи ба танатон шинамеро пӯшед, ки андоми шуморо ба назар хеле нозук ҷилва диҳад. Пӯшидани куртаҳои зимистонаи васеъ бо пӯстинчаи чармини кӯтоҳ ва домони чармӣ маслиҳат дода намешавад.
Агар пӯстин дароз бошад...
Пӯстини чармиатон дароз бошад, метавонед онро бо куртаи зебои гарм ё пашмин ба бар намуда, ба миёнатон миёнбанди нуқрагун бандед. Мӯзаи зан бо чунин либос бояд пошнаи баланд дошта бошад, то қаду қоматашро ба назар дилкаш ҷилва диҳад.
Пӯшидани дастпӯшакҳои чармӣ бо пӯстинча ё пӯстини чармии дароз айни муддао буда, ба ҳусни шумо ҳусну малоҳати тоза зам мекунад. Фаромӯш накунед, либосе, ки аз чарм ва мӯина (мех) дӯхта шудааст, шуморо дар фасли сарди зимистон натанҳо гарму нарм медорад, балки ба атрофиён ҳамчун як зани замонавӣ, зебою ҷаззоб ва дилкаш муаррифӣ менамояд.
Кадом рангҳо имсол мӯд ҳастанд?
Аз рӯйи тақвими шарқӣ соли 2024 соли Аждари сабз эълон шудааст. Азбаски аждар худ рамзи қудрат, мубориза,оташ ва ғалаба мебошад, имсол либосҳои рангашон баланде дар мӯд ҳастанд, ки дарҳол ба чашми кас менамояд, бинобар ин, моделерон пӯшидани либосҳои тирарангро маслиҳат намедиҳанд.
Дар баробари сафед ва сиёҳ, ки ҳаргиз аз мӯд намераванд, имсол ҳамчунин рангҳои сабзи баланд, сурхчатоб ва зарлаҳин мӯд шудаанд. Кӯшиш кунед, ки либосатон замонавӣ ва ба ранги аждар каме ҳам бошад,монандӣ дошта бошад, он гоҳ ба ҳокими сол писанд меоед ва зуд ба дили атрофиён роҳ ёфта, корҳоятон дар соли 2024 барор мегиранд.