Arzon march 2024
7- амале, ки бе усмаву сурма занро зебо мегардонад
3173


Аксарияти бонувони мо зебоиро дар молидани усмаву сурмаи зиёд мебинанд. Ҳол он ки бе истифода аз косметика низ зан метавонад зебо бошад. Барои ин, шумо бояд 7 амалро пайгирӣ намоед. Инак, чӣ сон бе усмаву сурма зебо шудан мумкин аст?

Пӯстро тоза кунед
Пӯсти тозаи рӯй ҷавону зебо ва тароватбахш менамояд. Барои тоза кардани пӯст аз малҳамҳои мағозагиву дорухонагӣ истифода бурдан мумкин аст, вале ҳатман ба таркиби малҳами интихобкардаи худ диққат диҳед. Малҳами поккунандаи пӯст дорои моддаҳои сахттаъсире аст, ки ҳуҷайраҳои мурдаи пӯстро тоза мекунад, вале дар баробари ин, пӯстро сурху хушк мегардонад. Рӯятонро рӯзе ду маротиба шӯед, он гоҳ аз равғану сурхичаҳо халосӣ меёбед.
Агар шумо танҳо ҳангоми рӯшӯӣ пӯсти худро пок мекарда бошед, ин корро саҳаргоҳон ҳангоми аз хоб хестан ва шомгоҳон қабл аз хоб ба анҷом расонед.

Ифлосиҳои пӯстро пок созед
Ба ғайр аз шустани пӯст бояд аз малҳаму кремҳое истифода бурд, ки тамоми ифлосиҳои дар болоии пӯст ва сӯрохиҳои он ҷамъшударо тоза мекунад. Боэҳтиёт бошед, пӯстро аз ҳад зиёд фишор надиҳед, вагарна сурх шуда, ба сӯзиш меояд. Агар шумо аз воситаҳои химиёвӣ истифода бурдан нахоҳед, шакари оддиро ба кор баред. Шакарро бо равғани зайтун омезиш дода, барои тоза кардани пӯст истифода бурдан мумкин аст.

Вазелин ва равған молед
Баъзан малҳамҳои мағозагӣ на танҳо нархи баланд доранд, балки боиси сурхшавию пайдоиши доғҳои пигментӣ шуда метавонанд. Масалан, барои тоза кардани туши миҷгон кӯшиш зиёд ба харҷ дода мешавад ва дар натиҷа мӯякҳои нозуке, ки чашмро ҳифз мекунанд, осеб меёбанд. Ба ҷои туш ба миҷгон вазелин молидан мумкин аст. Каме вазелин миҷгонро дарозтару ғафстар нишон медиҳад.
Ба лабҳо бошад, равғани кокос молида, аз таъсири нурҳои офтоб ҳифз кардан мумкин аст. Равғани кокос барои нафароне, ки аз пӯстпартоӣ ва хушкии пӯсти лаб азият мекашанд, давои бемисл аст.

Малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молед
Ҳатто дар рӯзҳои абрнок низ пӯсти рӯйи мо ба муҳофизат ниёз дорад. Дар акси ҳол, пӯст бармаҳал пир шуда, гирифтори саратони пӯст мегардад. Нафарони сафедпӯст бояд аз малҳами дорои SPF 30 истифода баранд. Хуб мебуд, ки малҳами ҳифзкунанда боз хусусияти нармкунӣ низ дошта бошад.

Пӯсти рӯйро надоред
Аз ҳама ғалати маъмуле, ки мо ба он даст мезанем, ин бо даст қапидани рӯй аст. Ин одати бад боиси ҷудо шудани чарби пӯст ва ҷамъшавии микроб мегардад. Ҳамзамон кӯшиш кунед, пӯстро молиш надиҳед.

8 соат хоб кунед
Агар хоҳед, ки пӯсти рӯятон ягон камбудӣ надошта бошад, шарти аввали зебоӣ ин хоби бароҳат аст. Вақте аз хоб сер мешавед, сиёҳиву халтаи таги чашм гум мешавад, пӯст ҳамвору ботароват мегардад. Ҳар шаб инсон бояд 8 соат хоб кунад.

2 литр об нӯшед
Аксарият медонанд, ки дар як рӯз инсон бояд 2 литр об нӯшад, вале ин кифоя нест. Ҳамчунин ғизои шумо бояд аз меваву сабзавоти тару тоза иборат бошад. Шарбати мева ва компот низ ба пӯст таъсири хуб мерасонад.

Абрӯятонро ба тартиб оред
Абрӯвони ба тартиб овардашуда рангу симои занро тағйир медиҳад. Агар абрӯятон зебову хуштарҳ бошад, ба лаб молидани лабсурхкунак шарт нест. Абрӯи зебову ӯсмакашида ҳусни чашмонро дучанд гардонида, бе рангу бор ҳам занро зеботар месозад. Агар шумо абрӯятонро чидан намехоста бошед, метавонед бо истифода аз гел ба тартиб оред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД