Commerc banl
7 маслиҳати муфид ба ҷавонон дар боби интихоби арӯс
26.03.2026
Oila.tj
68

Ҳар як ҷавонмард мехоҳад бо духтари покдомон ва ҳунарманде оила барпо намояд, ки як умр ҳамсафари вафодори ҳаёташ гардад ва дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ ӯро ҳамдаму ҳамроз ва ғамхору меҳрубон бошад. Ба хотири кумак ба ҷавонон дар интихоби дурусти арӯс мо чанд маслиҳати муфиди психологиро манзур месозем.

1. Пеш аз ҳама ба саҳифаҳои духтари интихобкардаатон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, бо киҳо ошноӣ доштан ва бештар дар кадом мавзуҳо суҳбат карданашро муайян намоед. Ин барои фаҳмидани он ки духтар бо ҷавони дигаре робитаи ошиқона дорад ё не, ба шумо кумак мекунад.

2. Барои фаҳмидани он ки духтар ба оиладорӣ тайёр ҳаст ё не, дар борааш бештар маълумот ҷамъ кунед: чиро дӯст медорад, вақти холигиашро чи хел мегузаронад, нақшаҳояш дар зиндагӣ...

3. Тамоми бонувон тозагию озодагиро дӯст медоранд. Ришатонро тарошида, либоси тозаву озода пӯшида, атри хушбӯй пошед ва чун ҷавонмарди ҳақиқӣ бо гулу ширинӣ ба вохӯрӣ равед. Вақте ки ҳамроҳи духтар ба ягон ҷо меравед, хасисӣ накунед, зеро бойтарин занону духтарон низ аз марди хасис мегурезанд.

4. Бо ҳар як амалу рафтори худ нишон диҳед, ки дар байни тамоми бонувон арӯсшавандаи шумо мисли маҳтоб дар байни ситораҳои бешумор ягона ва бемислу монанд аст. Бовар кунед, дилхоҳ зан ё духтар аз эҳсоси он ки барои марде ягона аст, обу адо мешавад.

5. Барои он ки духтар ба маънои томаш ба шумо дил дода, дар ҳақиқат дӯстатон дорад, бояд ҳатман ба боварии ӯ дароед. Барои ин шумо бояд самимӣ бошед ва ҳеҷ гоҳ духтарро фиреб надиҳед.

6. Ба арӯсшавандаатон чизҳоеро тақдим кунед, ки кайҳо орзу мекард, дар мавзуҳое суҳбат кунед, ки ба дилаш наздик аст, бо ҳар як амалу рафтори худ нишон диҳед, ки ҳамеша ҳамдаму ҳамрозаш мемонед ва ӯро дастгирӣ мекунед.

7. Кӯча ё боғ ҷойи суҳбатҳои ҷиддӣ нест. Вақте пешниҳоди оиладоршавӣ кардан мехоҳед, духтарро ба тарабхонаи зебое бурда, сари як пиёла чой сидқан изҳори муҳаббат намоед ва мақсади худро бигӯед.

Боқӣ ба шумо хушбахтӣ хоҳонем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД