sebiston july new
7- маҳсулоти муфиде, ки мӯйро дароз ва пурқувват месозанд
1425

 

Мутахассисон 10 маҳсулоти муфидро пешниҳод намудаанд, ки муҷиби мустаҳкамии кокулҳо мегарданд.

Витамину моддаҳое, ки барои саломатӣ ва зебоӣ муҳиманд, дар таркиби сабзавотҳои одиву дастрас мавҷуд ҳастанд.

Озодмоҳӣ (лосось) ва моҳии равғанин

Озодмоҳӣ аз ҷавҳарҳои равғанине иборат аст, ки боиси солимии пӯсти сар мешавад. Норасоии ин ҷавҳар боиси хушкшавии пӯсти сар ва беҷоншавии мӯйҳо мегардад. Озодмоҳӣ сарчашмаи сафеда, витамини В12 ва оҳан буда, мӯйҳоро ғизо медиҳаду бақувват месозад. Рафту ин моҳиро хӯрда натавонед, ба хӯроки худ ду қошуқ равғани зағир илова намоед.

Сабзавоти сабз

Мӯйи солим ниёз ба моддаҳое дорад, ки дар таркиби сабзавоти сабзу баргдор мавҷуд аст. Испаноқ (шпинат), брокколи ва лаблабуи баргдор аз витамини А ва С бой мебошанд. Сабзавоти рангашон сабзи баланд мӯйро бо оҳан ва калсий таъмин месозанд.

Растаниҳои лӯбиёгӣ

Лӯбиё, лӯбиёдона ва мош барои бақувват шудани мӯй мусоидат мекунанд. Растаниҳои лӯбиёгӣ на танҳо сафеда, балки оҳан, синк ва биотин ҳам доранд. Мӯйҳо аксаран маҳз бо сабаби нарасидани биотин беҷону зудшикан мешаванд. Ҳар ҳафта се пиёла ва аз он зиёд лӯбиё ё мош истеъмол намоед, мӯйҳоятон аз рехтан мемонад.

Тухм

Барои бақувват шудани мӯйҳо чӣ гуна пухта шудани тухм аҳамият надорад. Тухм сафедаи зиёд, биотин ва витамини В12 дорад, ки мӯйҳоро қувват мебахшанд.

Ғалладонаи холис

Нон аз ғалладонаи холис, ки аз витамину минералҳо ғанӣ гардонида шудааст, бо шарофати синку оҳан ва витамини гурӯҳи В-и дар таркибаш буда мӯйҳоро бақувват месозад.


Маҳсулоти ширӣ

Шир ва йогурт сарчашмаи беҳтарини калсий буда, мӯйҳоро бақувват месозанд. Ба йогурт чормағз илова карда, хӯрдан фоидаи дукарата дорад.

Сабзӣ

Сабзӣ аз витамини А, ки барои солимии пӯсти сар ва нури чашм муҳим мебошад, бой аст. Ҳар қадаре пӯсти сар солим бошад, ҳамон андоза мӯйҳо бақуввату ҷилонок мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД