Formula 2025 may
7 роҳи зинда нигоҳ доштани ишқу муҳаббати зану шавҳар
27.04.2025
ЛОЛА
279

Ишқ чист?

Ишқро шоирон шуълаи субҳи саодат ва беҳтарин бахшиши қисмат медонанд, оре ҳамаи мо низ медонем, ки маҳз ҳазрати ИШҚ дунёро дар назари мо дигаргуна ҷилва медиҳад. Аслан, мухаббат айёми гулрези ҷавонӣ панҷа ба дарҳои дили ҳар нафари мо мезанад. Касе, ки ин эҳсоси олиро аз сар гузаронидааст, медонад он чӣ муъҷизоте дорад. Барои ошиқ муҳим нест, ки дўстдори ў кист, чӣ мақому мартаба дорад, фақат як сўҳбат, дидор ва дар паҳлўи ў будан кофист. Барои ошиқ миллату мазҳаб ва сатҳи иҷтимоию молиявии зиндагии азизаш аҳмият надорад, ҳамин кофист, ки Ў ҳамроҳаш бошад. Тамоми талошу муборизаҳои дўстдорон бо як мақсад аст, расидан бо ҳам, оила барпо кардану дар сояи муҳаббати беназир тарбияи тифлакони зебо аст.

Кўчаҳои зиндагӣ

Ин орзую ҳавас ва сохтани қасри тиллоии орзуҳо дар бисёр ҳолатҳо то издивоҷ давом мекунад, баъд сар мешавад – ЗИНДАГӢ!

Ҳаёти воқеӣ дунёи тамоман дигар аст ва сари ҳар қадам навхонадоронро мушкили равонию молӣ пеш меояд ва танҳо он нафаре дар имтиҳони зиндагӣ ғолиб меояд, ки сабру таҳаммулро шиори хеш созад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки сабр ба нобасомониҳои зиндагӣ танҳо кори зан аст, вале ҳаргиз ин тавр нест, мард низ бояд сабур бошад. Дар зиндагии рўзмара воқеоти зиёдеро мушоҳида мекунем, ки ошиқони то дирўз шайдо чун ба ҳам хонадор шуданд, он қадар ба мушкилоти он фурў мераванд, ки дўстдориҳо дигар барояшон чун хобу хаёле аз гузаштаи дуру ширин менамоянд, хотира мешаванд. Наход издивоҷ охири ишқ бошад?!

«Занги аввал»

Дар пешорўи зиндагии оилавӣ ду нафари ба ҳам хеле наздик дар монда, баъд мефаҳманд, ки дунё чист! Зеро дар давраи ошиқиҳо онҳо ба ҳамдигар танҳо аз пушти айнаки сабз нигоҳ мекарданду айбу гуноҳи ҳамдигарро намедиданд. Аввалин моҷароҳои оилавӣ байни навхонадорон аз эродҳои оддии ҳамдигар сар мешаванд, муносибат бо хоҳаршў, ё хушдоману хусурро мо як сў мегузорем. Аввалин саволҳои арўс дар заминаи рашк пайдо мешаванд: чаро ту дер ба хона меоӣ? Бо телефон ба кӣ гап мезанӣ? Паёмаки ба телефонат омада аз кӣ буд? Чаро аз ту бўйи атри занона меояд? Чун мард аз фарти ҷавонию ноогоҳӣ ба саволҳои арўсаш ҷавоби муносиб надода, дағалӣ мекунад, сар мешаванд моҷароҳои оилавӣ. Ин «занги аввал» аст, ки шуморо аз буҳронҳои ҳаёти оилавӣ бохабар месозад.

Ҷавонӣ рафт!

Бо гузаштани панҷ - шаш соли зиндагӣ айнаки сабзи дўстдориҳо аз чашм меафтад, акнун зану мард ҳамдигарро ҳар рўз мебинанд, агар дар воқеъ ишқашон ҳақиқист, дастгиру мададгори якдигар мемонанд, агар не ба «сангар»-ҳо ҷудо мешаванд. Маҳз дар ҳамин давраҳо ҷудошавии оилаҳо зиёдтар ба назар мерасад, чун ҳамсарон ба машғулияте банданду ҳар ду фақат дар фикри ободони лонаи хеш, пас ояндаи хубе онҳоро дар пеш аст. Агар не, ҷангу моҷаро онҳоро домангир аст ва бадбахтона, ин ба рўҳияи фарзандон бетаъсир нахоҳад монд. Фарзандони волидайне, ки аз бемаърифатӣ “сояи якдигарро аз девор метарошанд”, бетарбия ва асабӣ ба воя мерасанд.

«Ман»-и худро наҷўед!

Дар ин давраҳои хеле ҳассос зани боандеша «ман»-и худро наҷўста, аз пайи пойдории оилааш кӯшиш мекунад, зеро мардон табиатан ин гуна масъулиятро бар душ гирифтан намехоҳанд. Муҳимтарин омили ба даст овардани дили шавҳар ин муносибати хуб бо шавҳар аст. Баъзе занҳо аз шавҳарашон хафа шуда, дигар бо эшон гап намезананд, ин хатои хеле бузург аст. Барои шумо душвор ҳам бошад, бояд қадами аввалинро дар оштӣ гузоред, зеро абрӣ, ё хуршедӣ будани фазои хонадон дар аксари ҳолатҳо аз бонувон бастагӣ дорад. Ҳиссиёти манфиатонро як тараф партоед, зеро танҳо гуфтугўйи ором метавонад, масалаҳои оиладориро ҳал кунад.

Аз ҳама муҳим

Зану мард бояд интихоби якдигарро дар ҳама бора дастгирӣ кунанд, ҳаргиз фикри худро дар интихоби либос, маҳсулоти хўрокворӣ, ё ҷиҳози хона аввалину беҳтарин нашуморад. Ба ҳамсар низ, иҷозати баёни фикрашро додан лозим аст. Ин яке муҳимтарин омили якдигарфаҳмист, яъне худро аз ҳамсаратон боло ва доно нагузоред. Ин омил танҳо хоси волидайн бояд набошад, дар баъзе ҳолатҳо фикри фарзандонро низ фаҳмидан хуб аст.

Султони қалб

Мардон, баъзан ҳайрон мешаванд, ки чаро зани замоне ошиқу шайдои ў дигар шудааст? Ҷавоб ба ин савол хеле оддӣ аст: Занони худро дўст доред ва барояшон ҳарфҳои муҳаббатомезро дареғ надоред. Зан бояд худро дўстдору мақбул эҳсос намояд, ба маликаи қалбатон тўҳфаҳо бахшед, то султони қалбаш боқӣ монед! Кушиш кунед, то ба ҳамдигар лаҳзаҳои шодмонӣ ҳадя созед, ин кори мушкил нест. Чун аз кор баргаштед, ҳама эҳсоси манфии аз коргоҳу кўча бардоштаатонро беруни дар гузоред ва бо ханда вориди хона шавед. Ин худаш як лаҳзаи шодиест, ки шумо ба хонаводаатон мебахшед.

Ишқ намемирад!

Барои нигаҳдории ишқ, ин эҳсоси олии инсонӣ талош варзед, ба тамоми каму кости зиндагӣ нигоҳ накарда, бо ҳам меҳрубон бошед. Агар аз ҳамдигар малол шудаед, натарсида аввалин шуда, бахшиш пурсед ва аз шумо низ бахшиш хоҳанд пурсид. Наздикони ҳамсаратонро ҳурмату эҳтиром намоед, бо онҳо муносибатҳои хуб кунед, ҳатто агар онҳо ба шумо маҳқул ҳам набошанд. Охир, онҳо оилаи шумо ҳастанд, шумо ин муносибатҳоро ҳифз карда, оилаатонро ҳифз хоҳед кард! … Ва ҳеҷ гоҳ аз ёд набароред, дар ҷое, ки меҳру шақату одамгарӣ ҳаст, Ишқ намемирад!

ЛОЛА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД