Commerce bank may-june 2026
7 зарари ороишоти косметикӣ ба саломатии занону духтарон
05.07.2026
Oila.tj
49

Мутахассисон ба мавҷудияти баъзе пайвастҳои кимиёвӣ дар косметика диққати махсус медиҳанд.

Аз ҷумла:

Тени чашм метавонад полиэтилен ва терефталат дошта бошад, ки дар баъзе таҳқиқотҳо бо таъсир ба фаъолияти гормонҳо алоқаманд дониста шудаанд.

Лабранг баъзан полиметилметакрилат дорад, ки метавонад дар баъзе одамон аллергия ба вуҷуд оварад.

Лак барои нохун метавонад фталатҳо дошта бошад, ки таъсири онҳо ба рушди ҷанин ва қобилияти таваллуд мавриди омӯзиш қарор дорад.

Атр баъзан бензалдегид дорад, ки метавонад луобпардаи бинӣ ва чашмро ҳассос гардонад.

Мушкобҳо (лосьон) метавонанд парабенҳо дошта бошанд, ки дар баъзе одамон хориш ё сурхшавии пӯстро ба вуҷуд меоранд.

Дезодорантҳо метавонанд изопропилмиристат дошта бошанд, ки дар баъзе ҳолатҳо боиси хашмгинии пӯст мегардад.

Шампунҳо баъзан лаурилсулфати натрий ва пропиленгликол доранд, ки барои пӯсти ҳассос метавонанд ангезандаи хушкшавӣ ё озурдагӣ бошанд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми интихоби маҳсулоти косметикӣ ба таркиби онҳо диққат дода, аз истифодаи аз ҳад зиёди воситаҳои гуногун худдорӣ намоед. Агар пӯст ҳассос бошад ё баъди истифодаи ягон маҳсулот аломатҳои аллергия пайдо шаванд, беҳтар аст истифодаи онро қатъ намуда, бо духтури пӯст машварат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД