sebiston july new
8 амале, ки рӯзаро мешиканад
889

Баъзе амалҳо боиси шикастани рӯза мегарданд, вале қазои онро медоранду кафорат намедиҳанд. Ин амалҳо кадомҳоянд?

1. Ба бинӣ ё гӯши худ дору чакондан, рӯзаро мешиканад.

2. Кас бо гумоне, ки субҳ надамидааст, саҳархӯрӣ намояд ва баъдан маълум шавад, ки гумонаш дуруст набудааст, рӯзааш мешиканад.

3. Бо бӯса задан ё ламс кардан оби манӣ барояд, рӯза мешиканад.

4. Рӯзадор ҳашаротеро қасдан фурӯ барад, рӯзаа мешиканад.

5. Рӯзадор фикр кунад, ки офтоб ғуруб кардаасту ифтор намояд ва баъдан ошкор гардад, ки гумонаш хато будааст, рӯзааш мешиканад.

6. Сангреза, оҳан ё донаи меваеро фурӯ барад, рӯзааш мешиканад.

7. Агар маҷбуран чизе бихӯрад ё биошомад, рӯзааш мешиканад.

8. Бо даҳони пур қай намояд, рӯзааш мешиканад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД