Имрӯз, 9-уми май халқи тоҷик низ дар қатори дигар халқу миллатҳои собиқ Шуравӣ 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлериро ҷашн мегиранд. Ин ид аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки чанд далели ҷолибро дар бораи Рӯзи Ғалаба ба шумо - хонандагони азиз пешкаш созем.
1. Аслан санади таслим шудани Олмон рӯзи 8-уми майи соли 1945 имзо шуда буд, аммо бо сабаби фарқияти вақт дар Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми май Рӯзи Ғалаба эълон шуд.
2. Аввалин паради Иди Ғалаба 24-уми июни соли 1945 дар шаҳри Маскав баргузор гашааст.
3. Иди Ғалаба барои кулли инсоният яке аз санаҳои бисёр муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро барои халосӣ аз зулми фашизм дар ҷанги дуюми ҷаҳон ҳудуди 80 миллион нафар одамон ҷони худро аз даст додаанд.
4. Аз ҳама беш дар ин ҷанг собиқ СССР, ки Тоҷикистон низ як ҷузъи ин давлати бузург буд, талафоти ҷонӣ дода, зиёда аз 20 миллион нафар сарбозони шуҷои шуравӣ дар майдонҳои набард бар зидди адӯи гитлерӣ қаҳрамонона ба ҳалокат расидаанд.
5. Аз Тоҷикистон солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор нафар барои ҳимояи Ватан аз фашистони гитлерӣ ба ҷанг рафта, 100 ҳазор нафарашон аз майдони набард барнагаштанд.
6. Барои нишон додани шуҷоату қаҳрамонӣ дар мубориза бар зидди фашизм 55 ҳазор сарбозорни тоҷик бо ордену медалҳо қадрдонӣ карда шудаанд.
7. 64 нафар фарзадони шуҷои Тоҷикистон барои корнамоиҳои беназирашон дар муҳориба бар зидди фашизм сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гаштаанд.
8. Айни замон аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон танҳо 8 нафар зинда мондаанд.
Мо, наслҳои имрӯза бояд ба қадри қаҳрамонӣ ва ҷонбозиҳои эшон бирасем, зеро қиматтарин неъмат дар ҷаҳон сулҳ аст, ки бо матонату ҷасорати бобоёни қаҳрамонамон ба даст омадааст.