Дар саросари Тоҷикистон шурӯъ аз 1 то 10 август Даҳаи миллии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори «Синамаконӣ барои оғози устувори зиндагӣ: он чиро, ки самар медиҳад, таҳким мебахшем» ҷараён дорад. Ин маърака ба густариши таҷрибаҳои самарабахш ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ равона шудааст.
Шири модар ғизои беназир ва мукаммалест, ки барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдак бо назардошти хусусиятҳои физиологӣ муфид аст. Таркиби шири модар дар ҳар як давраи синнусолӣ тағйир ёфта, комилан ба талаботи ҷисми навзод мутобиқ мешавад:
Дар таркиби шири модар кадом моддаҳои
ғизоӣ ва ҳимоявӣ мавҷуданд?
Шири модар фарогири сафедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо, витаминҳо, минералҳо, ферментҳо ва аз ҳама муҳимаш омилҳои муҳофизатие мебошад, ки рушди ҷисмонӣ, ақлонӣ ва эҳсосии кӯдакро таъмин менамояд.
Пешгирии бемориҳо
Пажӯҳишҳои илмӣ собит намудаанд, ки кӯдакони аз рӯзҳои аввали ҳаёт бо шири модар ғизогиранда камтар ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла, дарунравӣ, илтиҳоби шуш, сироятҳои роҳҳои нафас ва аллергия гирифтор мешаванд.
Рушди зеҳнӣ
Синамаконӣ ба фаъолияти беҳтари мағзи сар ва ташаккули масунияти қавӣ мусоидат мекунад. Кӯдаконе, ки дар шаш моҳи аввали ҳаёт танҳо бо шири модар ғизо гирифтаанд, дар оянда қобилияти бештари омӯзиш, натиҷаҳои беҳтари таҳсил, рушди хуби нутқ ва малакаҳои иҷтимоиро нишон медиҳанд.
Чаро тифли навзодро рӯйи
синаи модар мегузоранд?
Тибқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), ҳар як навзод бояд дар давоми як соати аввали пас аз таваллуд ба синаи модар гузошта шавад. Ин амал байни модар ва кӯдак робитаи мустаҳками равонӣ ва меҳру муҳаббатро ба вуҷуд меорад.
Ба навзод то 6-моҳагӣ ба ғайр аз
шири модар дигар чизе надиҳед
Кӯдак то шашмоҳагӣ бояд танҳо бо шири модар, бидуни нӯшонидани об, чой, шарбат ё хӯронидани таомҳои гуногун, ғизо гирад. Баъд аз шашмоҳагӣ пешниҳоди ғизои иловагӣ оғоз гардида, синамаконӣ бояд то ду солагӣ ва бештар аз он давом дода шавад.
Фоидаи синамаконӣ ба модар
Синамаконӣ барои худи модар низ манфиатҳои зиёд дорад. Он ба беҳтаршавии ҳолати зан пас аз таваллуд мусоидат намуда, хунравиро кам мекунад, хатари саратони сина ва тухмдонҳо, диабети қанд ва баъзе бемориҳои дилу рагҳоро коҳиш медиҳад.
Нишондиҳандаҳои синамаконӣ дар ҷаҳон тадриҷан беҳтар шуда истодаанд. Ҳиссаи кӯдакони то шашмоҳа, ки танҳо бо шири модар ғизо мегиранд, аз тақрибан 37 фоизи соли 2012 ба зиёда аз 47 дарсади кунунӣ расидааст. Тӯли панҷ соли охир ҳиссаи кӯдаконе, ки то синни дусолагӣ шири сина истеъмол кардаанд, аз 38 фоиз то 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
Қиматтарин шири сунъӣ низ ҷойи
шири модарро намегирад
Дар баъзе ҳолатҳо таъсири таблиғоти омехтаҳои сунъии шир боиси барвақт даст кашидан аз синамаконӣ мешавад. Бояд гуфт, ки ҳеҷ гуна омехтаҳои сунъӣ арзиши биологӣ ва муҳофизатии шири модарро пурра иваз карда наметавонанд. Истифодаи онҳо танҳо дар ҳолатҳои муайяни тиббӣ ва бо тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ иҷозат дода мешавад.
Пешгирии фавти модару кӯдак
Мутобиқи арзёбиҳо, беҳтарсозии таҷрибаи синамаконӣ имкон медиҳад, ки ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 400 ҳазор ҳодисаи фавти кӯдакони то панҷсола ва наздик ба 140 ҳазор ҳодисаи фавти модарон пешгирӣ карда шавад. Ин нишондиҳандаҳо бори дигар аҳамияти стратегии дастгирии ғизодиҳии табииро барои таъмини солимии аҳолӣ ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор собит мекунанд. Ҳифзу дастгирӣ ва тарғиби синамаконӣ масъулияти муштараки давлат, кормандони соҳаи тандурустӣ, оила ва тамоми ҷомеа мебошад. Фароҳам овардани муҳити мусоид барои модарони ширдеҳ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ имкон медиҳад, ки ҳар як кӯдак аз ҳуқуқи худ ба беҳтарин ғизо – шири модар баҳравар шавад. Модар бо ғизодиҳии табиӣ ба фарзанди худ оғози беҳтарини зиндагиро ҳадя мекунад. Ҳар қатраи шири модар ба ҷисми фарзанд нерӯи ҳаётӣ мебахшад.
Занони тифли ширмак доштаро
Ҳамаҷониба дастгирӣ кунед
Меҳрубонию ғамхории падар ва аъзои дигари оила барои модари ширдеҳ хеле муҳим аст. Аҳли хонавода бо фароҳам овардани муҳити ором, кумак дар корҳои рӯзгор ва дастгирии рӯҳии модар барои таъмини солимии кӯдак мусоидат менамоянд.
Синамаконӣ заминаи рушди устувори кӯдак ва сармоягузории арзишманд ба ояндаи миллат мебошад. Ҳар як узви оила ва ҷомеа бо тарғиби ғизодиҳии табиӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи модарон барои тарбияи насли солиму ҳушманд саҳми арзанда гузошта метавонад.
Саодат Холова,
роҳбари шуъбаи проблемаҳои тиббию иҷтимоӣ ва иттилооти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»