sebiston july new
8 сериали нави туркӣ, ки дар соли 2023 тамошобинонро ба ваҷд меоранд
01.01.2023
Mahina
737


Филму сериалҳои туркӣ дар сар то сари ҷаҳон мухлисони сершумори худро доранд. Мардуми тоҷик низ ошиқи сериалҳои туркӣ мебошанд, зеро ин филмҳо пур аз ҳодисаю таззодҳои мухталифи зиндагӣ буда, дар боби ишқу муҳаббат, хиёнату бевафоӣ, интиқому қасос ва муборизаи некию бадӣ нақл мекунанд. Мехоҳед донед, ки дар соли 2023 когардонҳои турк кадом филмҳои навро манзури тамошобинон мегардонанд? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

“Номи ман Фараҳ”-ишқ, пул ва хунрезӣ
Шабакаи телевизионии Fox TV баъди базми солинавӣ, яъне дар моҳи январ тамошобинони худро бо пахши сериали нави туркӣ бо унвони “Номи ман Фараҳ!” шод хоҳад кард. Ин филм аз рӯйи мазмунаш каме ба сериали машҳури “Ишқи сиёҳу сафед”монандӣ дошта, дар бораи ишқи як мафиоз ба зани оддӣ нақл мекунад. Қаҳрамони филм Фараҳ духтур буда, фарзандашро тани танҳо тарбия мекунад.

Сахт бемор шудани писарашро ин занро маҷбур месозад, ки барои табобати фарзандаш ба шаҳри дигар равад. Барои табобати кӯдак пули хеле калон лозим аст. Зан барои наҷоти ҷони фарзандаш ба ҷустуҷӯйи маблағ рафта ба дасти Мафия меафтад. Ба сари Фараҳ балоҳои зиёде меояд, вале дар ин миён зан натанҳо пул, балки ишқи ҳақиқиро низ пайдо мекунад...

“Ишқ ва тахт” –Райҳон зани шоҳзода мешавад, вале...
Мардуми тоҷик актриссаи ҷавону зебои турк Абру Шоҳинро хеле хуб мешиносанд ва дӯст медоранд. Ин зебосанам дар сериали машҳури «Ветреный» нақши Райҳон-ҳамсари Миронро бисёр табиӣ, ҷаззоб ва таъсирбахш бозида, азизи дили мардум гаштааст. Мухисони филмҳои туркӣ метавонанд дар моҳи феврали соли 2023 актриссаи дӯстдоштаи худро дар сериали нави “Ишқ ва тахт” бубинанд.

Дар ин филм Абру Шоҳин нақши шоҳдухтар Хунатро мебозад, ки на бо ишқу муҳаббат, балки маҷбуран ба шоҳи салҷуқӣ Аловиддин Кайқубод ба шавҳар дода шудааст. Маликаи дарбори салҷуқиҳо гашта бошад ҳам, шоҳбону Хунат дар дил нисбати шавҳараш ва ба тамоми салҷуқиҳо нафрат дошта, барои интиқом гирифтан пайти муносиб меҷӯяд. Филм бисёр ҷолиб ва пур аз таззоду муборизаҳои дарборӣ буда, коршиносони соҳаи синамо муваффақ гаштани ин сериалро пешгӯӣ кардаанд.

“Достони ишқ”-и Гулҷамол
Агар шумо дар ҳақиқат мухлиси сериалҳои туркӣ бошед, аллакай пай бурдаед, ки вақтҳои охир синамогарони турк кӯшиш мекунанд, ки бештар дар филмҳояшон азобу ранҷи рӯҳиеро нишон диҳанд, ки қаҳрамононашон баъди ин ё он ҳодисаи аз сар гузаронидаашон мекашанд.

Моҳи март аз силсилаи филмҳои психологӣ боз як сериали нави туркӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки “Достони ишқ” ном дорад. Қаҳрамони ин филм Гулҷамол дар шаҳраки хурдакаки Болу зиндагӣ мекунад.

Ӯ дар оилаи серфарзанд ба дунё омада, додару хоҳарони бисёр дорад, аммо як авлоди бузург дошта бошад ҳам, худро ҳамеша танҳо эҳсос мекунад. Танҳоии ботинӣ ӯро маҷбур месозад, ки барои дигаргун намудани зиндагиаш ба мубориза бархезад ва ишқи ҳақиқро пайдо кунад, аммо расидан ба кӯйи мурод басо душвор аст...

“Тираву сафед”-ҳунармандони амрикоӣ дар сериали турки
Барои наврасону ҷавонон синамогарони турк дар моҳи апрел сериали наверо бо унвони “Тираву сафед” пешкаш мекунанд. Филм дар бораи чӣ нақл мекунад, инро коргардонҳо пинҳон медоранд, вале аллакай маълум гаштааст, ки сериали мазкур берун аз марзи Туркия ба навор гирифта мешавад.

Нақши асосиро дар сериали “Тираву сафед” актёри ҷавон, вале овозадори турк Атакан Хошгёрен, ки пештар дар филми “Ишқи аввал” нақш бозида, маҳбубияти зиёде ба даст оварда буд, хоҳад бозид. Дар қатори ҳунармандони турк ба ин сериал чанд актёри машҳур аз амрико ва давлатҳои Аврупо низ даъват шудаанд. Интизор меравад, ки “Тираву сафед” натанҳо ба мухлисони филму сериалҳои туркӣ, балки ба ошиқони филмҳои тии амрикоӣ низ писанд меояд.

“Ядовитый плющ”-аз муҳаббат то куштор

Бо номи “Ядовитый плющ”пештар синамогарони турк як сериали дигар низ доштанд ва ҳанӯз маълум нест, ки ин филм идомаи ҳамон сериал аст ё чизи тамоман нав. Муаллифи сенария, продюссер ва коргардони филм ба мухлисон сюрпризкарданиянд, аз ҳамин хотир дар бораи суюаи филм чизе намегӯянд, вале аъзоёни дигари гурӯҳи эҷодӣ кам-кам асрори ин сериалро кушода, иқрор шудаанд, ки “Ядовитый плющ”- аз ҳаёти шахсе нақл мекунад, ки тасодуфан фарзанди аслии падару модараш набудани худро фаҳмида, аз ғазаб қариб девона мешавад.

“Филм бо куштор анҷом меёбад”-мегӯянд офариндагонаш, вале қаҳрамон киро мекушад ва барои чӣ мекушад, инро мову шумо танҳо баъди тамошо кардани филм хоҳем фаҳмид. Намоиши сериали“Ядовитый плющ” дар –моҳи январи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
“У сердца нет тайн”-филме, ки тамошобинонро мегирёнад
Асари тамошобинон филму сериалҳои драммавиро дӯст медоранд ва барои тақдири қаҳрамонҳои филм ҳатто оби дида рехта, баробарашон дард мекашанд. Агар шумо ҳам аз ҳамин тоифа бошед, пас сериали “У сердца нет тайн” барои шумост. Сериали мазкур моҳи феврали соли 2023 намоиш дода мешавад ва қиссаи пурдарди ошиқонаест, ки онро бе оби дида тамошо карда намешавад.

Сериал дар бораи ишқу муҳаббати як ҷавони эҷодкор ва актриссаи ҷавоне нақл мекунад. Қаҳрамонҳои филм тасодуфан дар беморхона шинос шуда, баъдан дар майдончаи наворбардорӣ бо ҳам рӯ меоянд ва ошиқи шайдои ҳамдигар мешаванд, вале сирру асрори махфии бисёре, ки ҳар кадоме аз ин ошиқон доранд, боиси сар задани нофаҳмиҳо ва ҷангу ҷанҷолу моҷароҳои биёре гашта, ишқи онҳоро қариб ба завол мебарад...

“Хайриддин”-сериали нав барои ошиқони филмҳои ҷангӣ
Синамогарони турк дар моҳи январи соли 2023 ба дӯстдорони филмҳои таърихӣ ва корномаҳои ҷангӣ сериали наверо бо унвони “Хайриддин” пешниҳод хоҳанд кард. Филми мазкур идомаи сериали «Барбароссы: Меч Средиземноморья» буда, дар бораи муҳорибаҳои Алжир нақл мекунад.

Ба шахсоне, ки ин сериалро надидаанд, тавсия медиҳем, ки қаблан «Барбароссы: Меч Средиземноморья “-ро тамошо кунанд, чунки дар акси ҳол намефаҳмед, ки сериали “Хайриддин” дар бораи чӣ нақл мекунад ва ҳодиса дар кадом давра рӯй додааст.

“Супергерой Алтай”-боз як достони қаҳрамонӣ
«Супергерой Алтай»-чунин ном дорад боз як филми нави соли 2023, ки намоишаш дар моҳи январ ба нақша гирифта шудааст. Сериали мазкур дар жанри фантазия наворбардорӣ шуда, аввалин кӯшиши синамогарони тукр дар ин жанр мебошад. Филм тахаюлӣ-фантастикӣ буда, қаҳрамонҳояш аз тамаддунҳои гуногуне ҳастанд, ки тасодуфан ба даврони мо афтидаанд.

Онҳо технологияи муосир ва хиради азалиро дар мубориза ба муқобили бӯҳронҳои глобалӣ ва мубориза бо эпидемияҳои мухталиф яроқи асосии худ қарор дода, бар зидди қувваҳои бадӣ, ки тамоми инсониятро несту нобуд кардан мехоҳанд, меҷанганд.

Сериал аз 4 давра иборат буда, офарадагонаш боварии комил доранд, ки ин филм тамошобинони зиёде пайдо хоҳад кард. Ана ҳамин буд маълумоти кӯтоҳ дар бораи сериалҳои нави туркӣ. Боқӣ ба шумо дар соли нав тани сиҳату рӯзгори ободу осударо таманно дорем. Хушбахт бошед ва аз тамошои филмҳои нав ҷаҳон-ҷаҳон лаззат бибаред!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД