8 ҷудокори тоҷик дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд
Ҳашт варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон, ки рӯзҳои 19–22-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Тибқи маълумоти ташкилкунандагон, барои ширкат дар ин мусобиқа 574 ҷудокор аз 78 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар ин чемпионат Лоиқ Қудбудинов ва Шокир Ғаюбов (вазни то 60 кг), Ёсин Бобокалонов (то 66 кг), Ворис Назаров (то 73 кг), Зикриаллоҳ Шарипов ва Аминҷон Абдуҷалилзода (то 81 кг), Беҳрӯз Имомов (то 90 кг) ва Мадина Қурбонзода (то 52 кг) намояндагӣ мекунанд.