Formula september
Хоҳиши мухлисони футбол ва напазируфтани "Барқи тоҷик"
1898

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, имрӯз, соати 23:00 дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз миёни дастаҳои «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон рақобат баргузор мегардад.

Аз легионерҳои «Ал-Наср» муқобили «Истиқлол» Роналду, Ляпорт, Талиска, Брозович ва Фофанa бозӣ мекунанду Мане, Отавио ва Теллес дар ин бозӣ иштирок карда наметавонанд.

Дар заминаи бозии мазкур мухлисони футбол аз роҳбарияти ҶСК “Барқи тоҷик” хоҳиш кардаанд, ки имшаб барои тамошои футбол онҳо соати 23:00 барқро хомӯш накунад, то ин ки мухлисон тавонанд футболи дастаи меҳанро тамошо ва дастгирӣ намоянд. Қарор аст ТВ “Варзиш” ҷараёни онро мустақиман намоиш дода, тафсир кунад.

Дар посух ба муроҷиати мазкур ва суоли хонандагони сомона дар мавриди бардоштани маҳдудияти нерӯи барқ ё “лимит” Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" гуфт, наметавонанд “лимит”-ро аз байн барад.

“Азбаски вақти баргузории бозӣ тибқи нақша ба замони хомӯш кардани барқ рост меояд, мо наметавонем ин дархости мухлисони футболро иҷро кунем. Зеро тамошои якунимсоатаи футбол ба захираҳои обии мо метавонад таъсир расонад. Бинобар ин, тибқи реҷа имшаб ҳам нерӯи барқ аз соати 22:00 то 5-и саҳар хомӯш карда мешавад”, - гуфт Дӯстмурод Тоиров, сардори раёсати назорати диспетчерии ШСХК “Барқи тоҷик” зимни суҳбат бо Oila.tj.

Дар ҳамин ҳол, яке аз кормандони мақомдори ширкат тавсия дод, ки мухлисони футбол қувваи телефонҳояшонро пур карда, бо оғози бозӣ онро мустақим аз сомонаи ТВ “Варзиш” ё портали Медиабай тамошо кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД