sebiston july new
Ламин Ямал рекорди нав гузошт
1676

Бошгоҳи «Барселона» дар бозии даври 2-юми Ла Лига бар «Кадис» бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ футболбози испанӣ Ламин Ямал дар дақиқаи 85-ум ба ҷои Ферран Торрес ба майдон баромад ва рекорди наверо дар Ла Лига сабт намуд. Ямал дар 16 солу 38 рӯзагӣ аввалин бозии худро дар Ла Лига анҷом дод, ки ин рекорд мебошад.

Тибқи иттилои Opta Sports, Ямал ҷавонтарин бозигари Ла Лига дар асри 21 гаштааст. Ямал аз Фабрис Олинга, ки соли 2012 дар 16 солу 112 рӯзагӣ дар ҳайати “Малага” бозиро оғоз карда буд, пеш гузашт.

Ламин Ямал 13- июли соли 2007 дар Испания таваллуд шудааст. Ламинро ҷавонтарин бозигари таърихи клуб меноманд. Ямал дуюмин дебютанти ҷавон дар таърихи Барселона пас аз Паулино Алкантара мебошад, ки соли 1912 дар 15 солу 4 моҳагиаш бозӣ кардабуд.

Ламин Ямал дар таърихи Ла Лига панҷумин бозингар мебошад, ки хеле барвақт карераи варзиширо оғоз намудааст. Қаблан Оскар Рамон дар 15 солу 289 рӯзагӣ, Педро Ирасторса дар 15 солу 288 рӯзагӣ, Сансон дар 15 солу 255 рӯзагӣ ва Лука Ромеро дар 15 солу 219 рӯзагӣ ба Ла Лига баромада буданд. Ямалро аллакай дар Барса хеле қадр мекунанд. Мендес ба падари Ламин барои агент шудан 3 миллион евро додааст.

Танҳо пас аз як сол Ламин Ямал метавонад бо Барселона шартномаи касбӣ бандад. Тибқи қонунҳои Испания, ӯ танҳо моҳи июл, вақте ки 16-сола мешавад, ба шартнома имзо карда метавонад. Аз ҳамин сабаб Хорхе Мендес ба падари Ямал се миллион евро додааст, то ситораи ҷавонро намояндагӣ кунад.

Клуб Ламин Ямалро бузургтарин истеъдод пас аз Лео Месси ва Андрес Иньеста номида, хеле қадр мекунад. Аз моҳи сентябр Ямал ҳамчун бозигари асосии Барселона машқ ва баромад хоҳад кард.

«Ӯ хеле хуб бозӣ кард. Ман ба ӯ гуфтам, ки коре кунад, ва ӯ кард, - нақл кардааст сармураббии Барса пас аз дебюти Ламин. - Тасаввур кунед, дар синни 15-солагӣ ӯ аллакай як бозигари махсус аст, қодир аст гол занад, дур кунад, ба худ эътимод дорад. Вақте ки ман ӯро дар тамрин мебинам, мефаҳмам, ки ӯ метавонад як бозигари муҳим барои даста гардад."

Ямал дар 4 тими миллии Испания бозӣ кардааст. Хави аз ӯ хурсанд аст. Ламин аз моҳи феврал то моҳи октябри соли 2022 дар чаҳор тими миллии Испания бо синну соли гуногун бозӣ кардааст: U15, U16, U17 ва U19.
Дастаи миллии Марокаш низ ба Ламин Ямал таваҷҷӯҳ дорад. Аслан решаи падараш аз онҷост, аммо Ямал испаниҳоро интихоб кардааст.

"Ламин аз дигарон фарқ мекунад. Вай қобилиятҳои бозигарони гуногунро муттаҳид мекунад. Вай як бозингари афсонавӣ аст.”-мегӯянд сармурабби даста.
Овозае вуҷуд дорад, ки Ламин Ямал метавонад Барсаро тарк кунад, зеро волидонаш Реал Мадридро дастгирӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД