9 нишонаи зукоми Гонконг
16.12.2025
Oila.tj
150

Тӯли ду ҳафтаи охир шумораи зиёди одамон аз сулфа, таби баланд ва дигар нишонаҳои зуком шикоят мекунанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ тасдиқ кардааст, ки дар кишвар зукоми навъи Гонконг ва H1N1 ё зукоми хук паҳн шуда истодааст. Бо мақсади пешгирии ин бемориҳо имрӯз мо ба шумо, хонандагони азиз, дар бораи нишонаҳои асосии зукоми Гонконг маълумот медиҳем.

  1. Дар аввал бемор эҳсоси заъф ва хастагии шадид намуда, камқувват ва хоболуд мешавад.
  2. Пас аз ин арақ кардани бадан ва нишонаҳои дигари беморӣ, аз қабили дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ пайдо шуда метавонанд.
  3. Ҳарорати бадан якбора то 39-40 дараҷа баланд мешавад. Аксар вақт ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан беморро табларза мегирад.
  4. Гулӯ ба хориш ва дард даромада, сулфаи хушк пайдо мешавад.
  5. Дардҳои шадид дар тамоми аъзои бадан эҳсос шуда, мариз бештар аз дарди мушакҳо, буғумҳо, пушт, дастҳо ва пойҳо шикоят мекунад.
  6. Нишонаи дигари зукоми Гонконг дарди ҷонкоҳи сар, махсусан дар қисмати пешонӣ ва чашмҳо мебошад. Дар баъзе беморон ҳолати чарх задани сар мушоҳида мешавад. Фишор дар чашм зиёд шуда, ба рӯшноӣ нигоҳ кардан душвор мегардад.
  7. Дар давоми ду рӯзи аввал оби бинӣ тамоман нест ё хеле кам буда, ин фарқияти асосии зукоми Гонконг мебошад. Баъдтар аломатҳои зукоми маъмулӣ пайдо мешаванд.
  8. Аломатҳои беморӣ босуръат инкишоф меёбанд. Хусусияти хоси зукоми Гонконг хеле зуд бад шудани ҳолати бемор аст. Шахс метавонад саҳар худро хуб ҳис кунад, аммо то шом ӯро якбора табларза фаро гирифта, ҳарорати баданаш то 40 дараҷа баланд шавад.
  9. Агар беморӣ бе мушкилот идома ёбад, марҳилаи шадид тақрибан аз чор то панҷ рӯз давом мекунад. Дар ин давра табларзаи баланд, дарди бадан ва дарди сар бештар ба назар мерасад. Пас аз ин табларза паст мешавад ва бемор тадриҷан худро беҳтар ҳис мекунад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД