formula
Tik-Tok дар Афғонистон манъ шуд!
587


Озодӣ дар Афғонистон торафт маҳдуд карда мешавад. Ба думболи манъи занону духтарон аз ҳуқуқи кор ва таҳсил дар мактаб, истифодаи шабакаҳои интернетӣ низ дар ин кишвар торафт маҳдуд мегардад.

Ҳукумати “Толибон” расман дар бораи манъ шудани истифодабарии шабакаи иҷтимоии Tik-Tok дар Афғонистон хабар додааст.
Тавре ки манбаҳои интернетӣ дар такя ба сарчашмаҳои худ менависанд, минбаъд сокинони Афғонистон имконият ва ҳуқуқӣ истифодабарии Tik-Tok-ро надоранд, ҳамзамон бозии компютерии PlayerUnknown’s Battlegrounds (PUBG) низ барои мардуми афғон манъ карда шудааст.

Инномулло Самангонӣ, намояндаи расмии ҳаракати ”Толибон” сабаби манъи Tik-Tok ва бозии компютерии PlayerUnknown’s Battlegrounds (PUBG) –ро шарҳ дода, мегӯяд “Tik-Tok насли ҷавонро ба гумроҳӣ меандозад” ва бояд чунин шабакаҳо, ки боиси костагии ахлоқ мегарданд, манъ карда шаванд.

Манъи Tik-Tok дар ҳолест, ки дар Афғонистон ин шабака қариб 300 ҳазор истифодабаранда дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД