arzon replenishment
АҶАБО, АБДУХОЛИҚ КУҶО ШУД?
3732

Абдураҳмонов Абдухолиқ Халилович, соли таваллудаш 1960, сокини маҳаллаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Қаратоғ санаи 28 май бо ҳамроҳииӣ 3 нафар ҳамдеҳааш ба кӯҳ рафта, баъдан бедарак шудааст.

Ҳамроҳонаш гуфтаанд, ки шаби 28 май Абдухолиқ бо онҳо буд, вале вақте субҳ аз хоб хестанд, аллакай ӯ набуд. Наздиконаш мегӯянд, ки онҳо барои бурдани тафтишот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд.

Абдухолиқ Абдураҳмонов ба ҳайси раиси маҳаллаи Чорбоғ фаъолият дошт. Вале баъди як муддати кор аз ин вазифа рафту дар хона буд. Дар давраи паҳншавии пандемия баъди хонашинии зиёд ӯ ҳамроҳи рафиқонаш барои сайр кардан ва гирифтани боду ҳавои тоза ба кӯҳ рафт, аммо бедарак шуд. Ӯ бо муҳити кӯҳ шинос буд ва наздиконаш ҳайронанд, ки ӯ ба куҷо рафтааст.
Хешовандони Абдухолиқ аз хонандагони сомонаи “Оила” хоҳиш доранд, ки агар ӯро дар куҷое диданд ё дар борааш маълумоте пайдо кунанд, ҳатман ба онҳо тавассути рақамҳои зерин занг зананд: 908228383, 904407262

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД