Футболбози ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода бо бошгоҳи «Ал-Қадисия»-и Арабистони Саудӣ шартномаи ҳамкорӣ имзо кард.
Бо ин гузариш Иброҳимзода метавонад нахустин футболбози тоҷик дар футболи касбии Арабистони Саудӣ шавад. Ӯ дар ҳайати яке аз дастаҳои шинохтаи футболи ин кишвар ҳунарнамоӣ хоҳад кард. «Ал-Қадисия» дар мавсими ҷорӣ дар чемпионати Арабистони Саудӣ ва мусобиқаҳои қитъавӣ иштирок мекунад.
Акнун мухлисони тоҷик интизори баромади Абдулло дар сатҳи нави футболи касбӣ ҳастанд.