toyota motors
Ҳабси блогер Идибеки Бохтарӣ барои дашном ва таҳқир дар эфир
65

Блогери тоҷик Абдуллоҳ Зарифзода, ки ҳамчун блогер бо лақаби Идибеки Бохтарӣ шинохта шудааст, барои дашном ва таҳқир ба муҳлати панҷ шабонарӯз ҳабс шудааст.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, сабаби боздошти Абдуллоҳ Зарифзодаи 32-сола, ки сокини шаҳри Бохтар мебошад, дар интернет паҳн намудани наворҳоест, ки дар онҳо блогер ҳамсуҳбатонашро дашному ҳақорат дода, аз алфози қабеҳ истифода мебарад.

“Боздоштшуда қаблан низ барои содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб ва маҳбасӣ гардида буд, вале аз рафтори ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ набароварда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахши мустақим (эфир) мунтазам аз алфози қабеҳ, суханони таҳқиромез ва ибораҳои хилофи одобу ахлоқи ҷамъиятӣ истифода намуда, шаъну шарафи дигар шаҳрвандонро паст мезадааст”,- омадааст дар хабар.

Барои чунин кирдор Зарифзода бо қарори суд ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД