Ҳабси боз як блогер барои паҳн кардани наворҳои ғайриахлоқӣ
01.11.2025
Оила
164

Милитсияи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ганҷалов Ҳоҷибеки 29-соларо, ки пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ "наворҳои ғайриахлоқӣ ва пур аз алфози қабеҳ нашр мекард", боздошт намудааст.

Ба гуфтаи мақомоти милитсия, ӯ бо вуҷуди огоҳиҳои қаблӣ, ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, "бо мақсади ҷалби обуначиён ва манфиати молиявӣ тартиботи ахлоқиро поймол намудааст".

Нисбат ба Ганҷалов бо моддаи 479 КҲМ ҶТ (итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия) протокол тартиб дода шуда, Суд ӯро ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД