Салом! Духтарчаи ман 7-сола шудааст ва бояд имсол ба мактаб равад. Азбаски фарзанди нахустинам аст, ман дар бораи ба мактаб додани кӯдакон чандон маълумоти зиёд надорам. Мехостам донам, ки қабули кӯдакон ба синфи 1 ройгон аст ё пулакӣ?
АДИБА, ш. Ҳисор
Посух:
- Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули кӯдакон ба синфи якум ҳам ба синфҳои тоҷикӣ ва ҳам русӣ ройгон аст. Аммо пеш аз қабул бо кӯдак сӯҳбати кӯтоҳ гузаронида мешавад. Мақсад аз суҳбат фаҳмидани сатҳи рушди умумӣ ва қобилияти фикрронии кӯдак мебошад.
Кӯдак чиҳоро бояд донад?
Солҳои пешин кӯдакон хондану навиштанро танҳо дар мактаб меомӯхтанд, вале дар замони муосир аксари кӯдаконе, ки ба синфи 1 мераванд, аллакай хондаю навишта метавонанд. Сатҳи фаҳмишу дониши кӯдаке, ки ба мактаб меравад, бояд чӣ гуна бошад?
Тавре ки равоншиносон ва омӯзгорони ботаҷриба мегӯянд, тайёр кардани кӯдакон ба мактаб масъалаи ҷиддӣ буда, пеш аз ҳама ҷаҳонбинии кӯдакро васеъ намудан лозим аст.
1. Шумо бояд бо фарзандатон бештар дар бораи зиндагӣ суҳбат кунед ва фарқи байни баду некро ба кӯдак фаҳмонед.
2. Ба кӯдак китобчаҳои афсонавиро хонда, ҳамроҳаш рафтори қаҳрамонони китобро муҳокима кунед.
3. Омӯзиши ҳарфу рақам, фигураҳои геометрӣ ва рангҳо низ муфид аст.
4. Кӯдак бояд тарафи ростро аз чап, калонро аз хурд, васеъро аз борик фарқ карда тавонад.
5. Аз рӯйи имкон бикӯшед, ки ба бача хонданро ёд диҳед. Кӯдаке, ки ба синфи 1-ум меравад, бояд ақаллан бо ҳиҷо хонда тавонад ва то рақами 10 бемалол ҳисоб кунад.
6. Инкишофи моторикаи хурд, яъне маҳорати дасту ангуштонро зиёд кардан ва машқи хотира ба фоидаи кӯдаконест, ки бояд ба мактаб раванд.
7. Кӯдаке, ки ба синфи 1 меравад, бояд ҳатман чанд шеъру суруд донад ва вазифаи волидон аст, ки дар аз ёд кардани шеъру суруд ба фарзанди худ ёрӣ диҳанд.