Arzon march 2024
Қадами Қурбон: Барои асфалтпӯш кардани роҳи Чагам пул надорем
512


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари хуше паҳн шуд, ки овозхони ширинкори тоҷик Қадами Қурбон роҳи 18-километраи Чагам – Кӯлобро асфалтпӯш мекунад.

Карим Сафаров, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабари мазкурро рад карда, гуфтааст, ки афсалтпӯш шудани роҳҳои нақлиётгузари деҳаи Чагам аз ҷониби Қадами Қурбон асос надорад.
“Роҳҳои ин деҳа, ки 8 километр аст, бо истифода аз техникаҳои муассиса ва ёрдами сокинон сангфарш карда шуданд. Қадами Қурбон ба ин усулан иртибот надорад”, - таъкид кард Сафаров.

Худи овозхон қаблан гуфта буд, ки ҳамроҳи ҳамдеҳагонаш роҳи мошингарди деҳаи Чагам – Кӯлобро ободу васеъ карданд, аммо барои мумфарш кардани он маблағ наёфтаанд.

“Барои пурра мумфарш кардани роҳ маблағ лозим, вале мо чунин маблағро надорем. Хеле мехоҳем ин корро анҷом диҳем, ки меҳмоне ба деҳа ояд, роҳат аз роҳ истифода барад. Вале ҳоло шароит нест, ки ин корро анҷом диҳем”, - гуфта буд овозхони ширинкор дар суҳбат бо журналистон.

Роҳи зодгоҳи Қадами Қурбон бо шарофати ҳунарнамоиҳои ӯ ҳамчун “роҳи ҳаждаҳпаварота” машҳур шудааст. Ин роҳ бори охир солҳои 1991-1992 аз ҷониби сардори онвақтаи ДЭУ, Идораи истифодаи роҳҳои Кӯлоб Саидов бо асфалти сард мумфарш карда шуда буд ва баъди он, инак беш аз 30 сол боз тармим нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Қадами Қурбон 1 феврали соли 1974 дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Падараш Гулмаҳмад Қурбонов аз фанҳои химия ва биология дарс медоду модараш қаҳрамон-модар аст. Ӯ дар мактаби №11 ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ №33)-и ноҳияашон таҳсил намуда, солҳои 1993-1995 хизмати ҳарбиро адо кардааст.

Қадам дар байни 10 фарзанди хонавода ҳаштум аст. Овозхон оиладор ва соҳиби 6 фарзанд – 4 писару 2 духтар мебошад. Духтари калонӣ шавҳар кардааст. Писараш Қаноат, ки ҳамроҳаш суруд мехонад, низ оиладор аст. Кӯдакони дигараш дар мактабимиёна таҳсил мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД