Чаро занҳо баъди талоқ бе ҳимояи иқтисодӣ мемонанд?
Салом! Аҳдия ҳастам, як ҷавонзани дар зиндагӣ фиребхӯрдаи тоҷик ва мехоҳам сарнавишти талхамро нақл карда, ба як саволи муҳим ҷавоб бигирам, ки чаро занҳои тоҷик баъди талоқ аксар вақт дасти холӣ ба хонаи падару модарашон баргашта, таънашунави хешу табор мегарданд, вале мард бидуни ягон мушкилӣ оилаи нав бунёд месозад?
Ман ҳам ба мисли аксари духтарони тоҷик бидуни ишқу муҳаббат дар синни 19-солагӣ оиладор шудам. Домодро падару модарам интихоб карда буданд ва кию чи гуна инсон буданашро намедонистам.
Ростӣ дар оғоз зиндагиамон чандон бад набуд, шавҳарам бо тиҷорат машғул буд ва даромади хуб ба даст меовард, вале хонаю дар, мошин ва тамоми дороиҳояшро ба номи падару бародаронаш ҳуҷҷат мекард. Бо мурури замон мо соҳиби чанд фарзанд гаштем, вале ба ҷойи он ки оилаамон торафт мустаҳкамтар шавад, муносибати шавҳарам бо ман вайрон шуда, ба хиёнату духтарбозӣ сар кард. Аз рӯйи рашк байнамон тез-тез ҷангу ҷанҷол сар мезад ва оқибат шавҳарам маро бо 3 фарзанд талоқ дода, бо духтари ҷавоне оиладор шуд.
Ман бо 3 кӯдаки хурдсол дар чорсӯйи зиндагӣ танҳо монда, чи кор карданамро намедонистам. Чанд сол дар ба дари идораи суд гашта бошам ҳам, бо сабаби никоҳи расмӣ надоштан ва мавҷуд набудани аҳдномаи никоҳ ба ғайр аз алименти ночиз барои фарзандонам дигар аз шавҳарам чизе рӯёнида натавонистам. Имрӯз ману кӯдаконам бехонаву дар ва муҳтоҷи дари хонаи мардум ҳастем. Ҳайронам, чаро дар баъзе кишварҳо ҳангоми талоқ нисфи дороии мард ба зан мерасад, вале занҳои мо баъди ҷудо шудан аз шавҳар бо чанд фарзанд дасти холӣ ба хонаи падару модарашон бармегарданд?
Барои дилпур гаштан аз ояндаи худ чӣ бояд кард?
Занҳои зиёде бо сабаби паст будани маърифати ҳуқуқиашон баъди талоқ бо фарзандони хурдсолашон дар нимароҳи зиндагӣ танҳо монда, ба куҷо рафтану аз кӣ мадад пурсиданашонро намедонанд. Мувофиқи қонунҳои ҷорӣ, агар зану шавҳар ақди никоҳи расмӣ дошта бошанд, моликияте, ки дар давраи зиндагии якҷояашон ба даст меоранд, моликияти муштараки онҳо ба ҳисоб рафта, дар сурати пош хӯрдани оила байни ҳамсарон баробар тақсим карда мешавад, вале набудани никоҳи расмӣ душвориҳои зиёдеро ба миён оварда метавонад. Яке аз мушкилиҳои асосӣ баъди талоқ бо кӯдакони хурдсолашон бидуни ҳимояи иқтисодӣ мондани занон мебошад.
Барои он ки ҳуқуқҳои иқтисодии ҳамсарон, махсусан занон поймол нагардад, ақди никоҳро ҳатман дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта, аҳдномаи никоҳ, яъне “Брачний контракт” бастан лозим аст.
Аҳдномаи никоҳ чи гуна ҳуҷҷат аст ва кай баста мешавад?
Аҳдномаи никоҳ чи гуна ҳуҷҷат аст ва кай баста мешавад? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо ба ҳуқуқшинос Холида Шомирзоева муроҷиат намудем.
-Аксари шаҳрвандон огоҳӣ надоранд, ки дар Тоҷикистон мо низ тибқи қонун бастани “Аҳдномаи никоҳ” иҷозат дода шудааст. Аз ҳамин хотир мехостем дар оғоз ҳамчун ҳуқуқшинос дар бораи ин ҳуҷҷат каме маълумот диҳед...
-Мувофиқи моддаи 40-и Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки оила барпо менамоянд, ҳуқуқ доранд, ки “Аҳдномаи никоҳ” банданд“.
-Аҳдномаи никоҳ пеш аз бастани ақди никоҳ баста мешавад ё баъди ба қайд гирифтани ақди никоҳ дар мақомоти саби асноди ҳолати шаҳрвандӣ?
- “Аҳдномаи никоҳ” созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳарест, ки ҳуқуқҳои молу мулкии худро ба танзим даровардан мехоҳанд. Онро ҳам пеш аз никоҳ ва ҳам баъди никоҳ бастан мумкин аст. Мувофиқи моддаи 41 Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳшавандагон ҳуқуқ доранд, ки қабл аз ақди никоҳ “Аҳдномаи никоҳ” банданд. Ҳамсарон баъди оила барпо кардан низ дар дилхоҳ давраи зиндагии якҷояашон метавонанд “Аҳдномаи никоҳ” баста, шартҳои ҳаёти муштарак, саҳмашон дар даромади ҳамдигар, хароҷотҳо оилавӣ, чи тавр тақсим кардани амвол дар сурати пош хӯрдани оила ва дигар муносибатҳои худро ба танзим дароранд.
-Яке аз ҳамсарон метавонад бидуни розигии ҳамсари дигар аҳдномаи никоҳро бе кор намояд?
-Бастани “Аҳдномаи никоҳ” ихтиёрӣ мебошад, вале он тариқи судӣ бекор карда мешавад. Бидуни розигии яке аз ҳамсарон, бо хоҳиши ҳамсари дигар “Аҳдномаи никоҳ” яктарафа бекор карда намешавад.
-Дар сурати баъди талоқ ба вуҷуд омадани баҳс байни ҳамсарон он чи гуна ҳал карда мешавад?
-Аҳдномаи никоҳ асосан бо мақсади танзими муносибатҳои иқтисодӣ ва молумулкии ҳамсарон баста шуда, тибқи қонун зану шавҳар ҳуқуқ доранд дар он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар, тариқи иштирок дар даромади ҳамдигар, тартиби хароҷоти оила аз ҷониби ҳар кадоме аз ҳамсарон ва тақсимоти молу мулк дар сурати ҷудо шудан муайян намоянд. Вақте ки зану шавҳар аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, молу мулки онҳо тибқи “Аҳдномаи никоҳ” тақсим карда мешавад.
-Агар зан ё шавҳар аз иҷро намудани шартҳои дар “Аҳдномаи никоҳ” мавҷудбуда саркашӣ намояд...?
-Он гоҳ баҳс бо роҳи судӣ ҳал карда шуда, тарафе, ки аз иҷрои шартҳои “Аҳдномаи никоҳ” саркашӣ мекунад, ба иҷро кардани ӯҳдадориҳои бар дӯш гирифтааш водор карда мешавад. Дар таҷрибаи мо чунин ҳолат рӯй дода буд. Як шаҳрванди Қирғизистон, ки бо зани тоҷик издивоҷ намуда, мувофиқи “Аҳдномаи никоҳ” бояд ҳамсарашро бо манзили зист таъмин мекард, аз иҷрои ӯҳдадориҳояш саркашӣ намуда ба ватанаш фирор кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин мардро пайдо карда ба иҷро кардани ӯҳдадориҳояш водор карданд ва ин мард маҷбур шуд, ки ба зани тоҷикаш барои харидани хона 50 ҳазор доллари амрикоӣ диҳад.
-Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки дар Тоҷикистон бастани аҳдномаи никоҳ шарт нест, зеро аксари мардони мо имконияти иқтисодӣ ва молу мулки шахсӣ надоранд. Шумо чи назар доред?
-Ба адешаи ман бастани “Аҳдномаи никоҳ” дар замони муосир шарт ва зарур мебошад, зеро он натанҳо ҳуқуқҳои ҳамсарон, махсусан занҳо, балки ҳуқуқҳои фарзандони онҳоро низ дар оянда ҳимоя мекунад. Вақте ки зану шавҳар бо ҳамдигар “Аҳдномаи никоҳ” баста, шартҳои худро мегузоранд ва муносибатиҳои иқтисодию молумулкиашонро аз оғоз бо ин роҳ ба танзим медароранд, дар сурати пош хӯрдани оила мард наметавонад занро дасти холӣ аз дар берун карда, ҳуқуқҳои иқтисодии ӯро поймол созад. Аз ҳамин хотир ҳамчун ҳуқуқшинос ман ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки аз ояндаи худ дилпур гаштан хоҳанд, ҳатман “Аҳдномаи никоҳ” банданд!
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.