formula
Адолат Раҳмонова : Депутатҳоро гаравгон гирифтанд, вале...
3295

Духтари оташ

Ҳар кӣ аз даврони Шӯравӣ як қатра об хӯрда бошад, то кадом андоза дар байни мардум маҳбубият доштани асари машҳури нависандаи беназири тоҷик Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ”-ро албатта ёд дорад.

Ин китоб дасти ба дасти хонандагон, хоса насли ҷавон мегашт, зеро қаҳрамони асар Фирӯза бо ақлу тамиз ва матонаташ ҳамаро мафтун намуда буд.

Адолат Раҳмонова аз Фирӯзаи Ҷалол Икромӣ ҳеҷ монданӣ надорад. Ӯ ба мисли духтари оташ дар душвортарин рӯзҳо барои миллати худ сина сипар намуда, аз минбарҳои баланд чунон суханонеро ба забон меовард, ки на ҳар марди ҳузарб дар он айёми хунрез, ки садои тиру туфанг садои ақлро пахш карда буд, ба гуфтанаш ҷуръат мекард.

Имрӯз ин зани матинирода, ин духтари оташ, ин фарзанди бо нангу ори миллати тоҷик ба синни мубораки 71 қадам ниҳодааст, вале ҳаёти омӯзандаи ӯ метавонад ба дигар занону духтарони тоҷик дарси ибрат ва намунаи ватандорӣ бошад. Аз ҳамин хотир, мо қарор додем аз достони зиндагии Адолат Раҳмонова хушае чанд ба хонандагони азизи “Оила” ҳикоят намоем.

Модар чӣ гуна, духтар намуна!

Адолат Раҳмонова соли .... дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. “Модарам бисёр зани ҳунарманд буд, чунон куртаю камзӯлҳои зебо медӯхт, ки кас аз тамошояш сер намешуд”,-даврони кӯдакиашро ба ёд оварда, мегӯяд Адолат Раҳмонова.

Адолат аз модари гулдасташ дар баробари чеварӣ дигар ҳунарҳои занонаро омӯхта, чунон чаппотию гирдача ва кулчаҳои бомазаи равғанине мепухт, ки дар даҳони кас об мекушоданд. Ҳаққу ҳамсояҳо нонҳои хушмазаю оши палави серравғани Адолатро баҳ-баҳгӯён хӯрда, дуо мекарданд, ки ҳаргиз дасти каму рӯйи ғамро набинад, шояд дуои эшон мустаҷоб гашт, ки Худо оҳи ин духтараки ҳунарманд ва боақлу тамизро кушод...

Бахт аз донишгоҳ

-Соли 1964 аз ноҳияи Данғара мо, панҷ духтар ҳуҷҷатҳоямонро ба воситаи Ҳабиб Сафаров ба мактабҳои олӣ супоридем. Шариф Ҷумъаев, дар хобгоҳамон вазифаи роҳбариро бар уҳда дошт. Насиб будааст, ки баъди хатми донишгоҳ мо бо дуои неки волидонамон тақдирамонро бо ҳамдигар пайвандем,-бо лабханд даврони ҷавониашро ба ёд оварда, қисса мекунад Адолат Раҳмонова ва нақлашро идома дода, меафзояд:

-Вақте ки падару модари Ҳабиб аз куҳистони Айнӣ ба Данғара ба хонаи мо хостгорӣ омаданд, падарам розӣ нашуда гуфтанд, ки мо аслу насаби онҳоро намедонем, чӣ хел духтарамонро бароварда медиҳем?! Гап задан он тараф истад, мо, духтарҳои замони Шӯравӣ ҳатто ҷуръат намекардем, ки ба рӯйи падар нигоҳ кунем. Модарам “ҳардуяшон дар як ҷо хондагӣ, хислати ҳамдигарро хуб медонанд” гуфта, падарамро ба гап дароварданд ва бо дуои сафеди волидон мо тӯй шудем...

Дил ёбу қанд хӯр!

Адолат хуб медонист, ки шавҳараш ҷавонмарди куҳистонӣ асту ғурури баланд дорад, аз ҳамин хотир аз рӯзи аввали зиндагӣ кӯшиш мекард, ки ҳеҷ гоҳ бо садои баланд гап назанад.

-Шавҳарамро ҳамчун муҳандис-геолог ба ноҳияи Восеъ ба кор фиристоданду мо ба ин ноҳия кӯч бастем. Аз тарафи раёсати геологияи ноҳия ба мо хона доданд. Манзили мо доим сермеҳмон буд, вале ягон бор абрӯ чин карда нагуфтаам, ки омаду рафти меҳмонҳои бешумор ба дилам зад. Ҳеҷ гоҳ намегуфтам, ки ман хаста шудаам, истироҳат кардан мехоҳам, хоҳ рӯз бошад, хоҳ нимаи шаб касе, ки дарамро накӯбад, бо чеҳраи кушода пешвоз мегирифтам ва дарҳол дасту остин барзада, хӯроки табъи дили меҳмонро мепухтам.

Шавҳарам мард не, тилло буд!

Ин зани номдор дар вазифаҳои баланди давлатию ҷамъиятӣ кор карда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ зан-модар буданашро аз ёд набурдааст. Адолатро аз хурдӣ чунин тарбият карда буданд, ки гапи мард дар оила ҳукми қонунро дорад ва ӯ ҳеҷ гоҳ ин пандро фаромӯш намекард.

-Аксарияти мардҳои тоҷик, агар занашон пайдарҳам ду-се духтар зояд, қаҳр мекунанд, вале Худованд ба мо 4 духтар дода бошам ҳам, шавҳарам ягон вақт ношукрӣ накардааст. Аслан шавҳари ман мард не, тилло буданд, тилло! Фарзандонашонро аз ҷонашон бештар дӯст медоштанд, мабодо ягон ҷойи духтарчаҳоям ба дард дарояд, падарашон мурғи посӯхта барин ба чор тараф давида дармон меҷустанд. Шавҳарам бисёр марди меҳрубони ғамхор бошанд ҳам, сиёсаташон сахт буд. Ман, ки ягон дастёр надоштам, тамоми кору бори хонаро шабона мекардам, бар замми ин, то қарибиҳои саҳар нишаста барои духтарчаҳоям куртача медӯхтам, то ки озодаю дилкаш шуда ба мактаб раванд. Ҳамеша бо рамузи шавҳарам кор мекардам, бинам, ки табъашон нохуш аст, кӯшиш мекардам, ки ба чашмашон камтар намояд, то дар назди кӯдакон овоз баланд накунанд. Андеша мекардам, ки агар аз хонаи мо садои баланд барояд, ҳаққу ҳамсояҳо фикр карданашон мумкин аст, ки ин занак ман мансабдор гуфта, шавҳарашро писанд намекунад,- мегӯяд ин зани бофарҳангу некном.

Дар хона меҳрубону дар кор оташ!

Адолат дар хона аз сабза нармтару аз офтоб гармтар бошад ҳам, ҳамчун роҳбар дар кор бисёр сахтгир ва серталаб буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ кори оғоз кардаашро дар нимароҳ намегузошт.

-Соли 1983 аввалин маротиба Иди Наврӯзиро ҷашн гирифтем. Дар як теппа 50 дегдонча канда, дар болояшон дег мондем. Касе доротар буд, гӯсфанд ё буз мекушт, одамони одӣ чизи доштаашонро ба дег андохта, хӯрокҳои наврӯзӣ мепухтанд. Сурайё Қосимоваро даъват карда, зери шиори «Ватанам аз деҳаи ман сар мешавад» чунон базми зебои наврӯзӣ гузарондем, ки таърифаш дар саросари ҷумҳурӣ паҳн шуд,-бо табассум он рӯзҳои ширинро ба ёд меорад Адолат Раҳмонова ва нақлашро идома дода, мегӯяд:

- Барои таъмини аҳолӣ бо мавҷҳои телевизион дар чор гӯшаи ноҳияи Муъминобод чор ретанслятор шинонда, роҳҳоро таъмир намудем, чанд пул, клуб ва мактабҳои калон сохтем. Духтаронро ба мактабҳои олӣ ҷалб мекардам. Фаррошу котибаамро аз кор пеш кардам, то ки хонда маълумоти олӣ бигиранд ва оянда дар зиндагӣ азоб накашанд. Дар баробари ин корҳо дар байни духтарони деҳот тез-тез семинарҳои омӯзишӣ гузаронида, тарзи пухтани манту, самбӯса, тушбера, лағмон, оши тӯпа, оши бурида ва дигар хӯрокҳоро ёд медодам, то ки баъди ба шавҳар баромадан азоб накашанд, таънаю маломати хушдоман ва дигар аъзоёни оилаи шавҳарро нашунаванд...

Вақте ки муллоҳо аз Бухоро баргаштанд...

Ҳангоми суҳбат бо ин зани барнодил андешаашро дар бораи танзими анъана ва расму оинҳои миллӣ пурсон шудем. Адолат Раҳмонова лаҳзае сукут кард. Аз ваҷоҳаташ аён буд, ки хаёлаш ба дуриҳои дур парвоз дорад. Пас аз чанд лаҳза қаҳрамонамон аз олами руъёҳо ба худ омад ва бо табассуми ба худаш зебанда қисса кард:

-Расму оинҳои нозарур дар ҳамон даврони Шӯравӣ ҳам буданд. Духтардорҳо дар он замон аз қудошаванда 2 сар гов, 5-6 гӯсфанд ва пули калон талаб мекарданд. Дар ноҳияҳои Советский (Темурмалик) ва Муъминободу Данғара бошад, дар рӯзи мурда гов мекуштанд. Ман ба назди Азикулло Азизович, ки котиби якум буданд, даромада пешниҳод кардам, ки аз ҳар деҳа як нафари руҳониёнро ба шаҳрҳое, ки донишмандони дини ислом зиндагӣ мекунанд, фиристем, то ҷаҳонбиниашон васеъ шуда, минбаъд дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. Пешниҳоди ман ба котиби якум писанд омад. Ҳамин тавр муллоҳоро ба Шаҳрисабз, Ургут, Китоб ва Самарқанду Бухоро фиристодем, то ки шаҳрҳои таърихиро тамошо карда, бо донандагони дини ислом аз наздик суҳбат намоянд ва ба саволҳояшон ҷавобҳои саҳеҳ бигиранд. Руҳониёне, ки мадрасаҳои машҳури Самарқанду Бухороро хатм карда буданд, ба онҳо фаҳмонданд, ки дар рӯзи мурда гов куштану иртиш гӯён, матоъ тақсим кардан ба ислом ягон робита надорад, баръакс исрофкорӣ дар дини мубини ислом ҳаром шумурда мешавад. Пас аз сафар нигоҳи муллоҳои мо ба ин масъалаҳо тамоман дигар шуду говкушӣ дар рӯзи мурда аз байн рафт. Мо то баргаштани онҳо низомнома тартиб додем ва маҳри арӯсро 1 сар гову 1000 сум пул муқаррар намудем...

Аз дил наравад, ҳар он кӣ...

Бузургон беҳуда нагуфтаанд:

Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,

Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз!

Адолат Раҳмонова кайҳо аз мансабу минбар рафта бошам ҳам, мардум то имрӯз талошҳои ин зани матиниродаро баҳри ободонии кишвар ва беҳбудии зиндагиашон фаромӯш накардаанд.

-27 сол мешавад, ки аз ноҳияи Муъминобод рафтаам, вале то ҳол баъзе сокинони ин ноҳия ба аёдат омада, раҳмат мегӯянд. Ман нону намаки ин мардумро бисёр хӯрдаам ва ҳурмату эҳтиромашонро ҳамеша пос медорам,-мегӯяд Адолат Раҳмонова.

Қурбонӣ ба хотири бахт

Вақте ки шавҳараш ба бемории фалаҷ гирифтор шуда, бистарӣ гашт, Адолат аз баҳри мансабу вазифа гузашта, хонашин шуд, то ки қарзи худро адо намуда, ҳамсарашро нигоҳубин кунад. Тӯли шаш соли дароз шавҳараш дар бистари бемор хоб буд, вале ин зани вафодор ягон лаҳза ӯро танҳо нагузошта, бо меҳрубонӣ парасториаш менамуд.

Имрӯз Адолат Раҳмонова дар ҳалқаи фарзандонаш Лутфия, Гулҷаҳон, Мавҷуда, Матлуба ва 17 набераю 8 абера давлати пирӣ ронда, барои пайвандонаш мактаби зинда аст. Мактаби зиндаи одамият меронад.

-Ман, ки писар надорам, як набераамро аз хурдиаш калон карда, хонадор намудам. Вақте аз келин пурсидам, ки бачам, оши бурида карда метавонӣ, не гуфт. Худам зувола гирифта тунук кардам ва тарзи буриданашро ба арӯсак нишон додам. Хӯрок тайёр шуд, ҳамаро ба сари дастурхон таклиф карда, келинро таърифкунон ба осмони ҳафтум баровардам. Духтарҳоям диданд, ки бисёр келин-келин гуфта истодаам, эрод гирифта гуфтанд, ки оча ин қадар таъриф доред! Гуфтам, ҳамин хел мекунӣ, ки фарзанди кас фарзандат мешавад, баъд хизмати худатро мекунад, хизмати писаратро мекунад...

Ин суханони Адолат Раҳмонова барои дигар хушдоманҳо дарси ибрат ҳастанд, то барои дупула гап шуда, хонаи фарзандонашонро бо дасти худ вайрон накунанд.

Депутатҳоро гаравгон гирифтанд, вале...

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ овозае даҳон ба даҳони мардум мегашт, ки гӯё Адолат Раҳмоноваро гаравгон гирифтаанду ҷанг аз пушти ҳамин зан сар задааст. Ҳини суҳбат мо то куҷо ҳақиқат доштани ҳамон гапҳоро пурсон шудем. Адолат Раҳмонова сар ҷунбонда гуфт:

-Дар ҳақиқат мухолифини ҳукумати конститутсионӣ як қатор депутатҳои парлумон ва муовинони сарвазирро гаравгон гирифта буданд. Ман, ки ҳамон вақт аз номи халқ бисёр баромад мекардам, мардум фикр кардаанд, ки маро низ гаравгон гирифтаанд, вале ман дар байни гаравгон афтодаҳо набудам. Дар телевизион баромад карда гуфтам, ки ба ин овозаҳо бовар накунанд, вале оташи ҷанг аллакай аланга гирифта, дигар хомӯш карданаш имкон надошт...

Дуои сафед

Ҳангоми хайрухуш мо аз ин зани ҷасур ва дарёдил хоҳиш намудем, ки ба хонандагони “Оила” як дуои сафед диҳад. Адолат Раҳмонова даст ба дуо бардошта гуфт:

-Медонам, ки газетаи “Оила”-ро бештар занону духтарон мехонанд. Барои ҳамин дуо мекунам, ки бахти ман насибашон гардад, чунки барои зан аз бахт дида, чизи қиматтар нест.

Ман ду маротиба ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гаштаам ва ҳамчун ҳоҷибибӣ дуо мекунам, ки Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон солҳои сол дар болои сари мо, мардуми тоҷик соябон бошад ва дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар барем! Омин!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД