sebiston july new
Аҳдонома бастани ҳамсарон чӣ манфиат дорад?
701


Ҳарчанд аз зиндагии муштараки мо 5 сол гузашта бошад ҳам, аммо дар бораи аҳднома чизе намедонистам ва то ҳозир моҳияти онро фарқ намекунам. Мехостам дар бораи манфиати ин ҳуҷҷат маълумоти ҳуқуқӣ диҳед.

М.А.

Посух

Тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - аҳдномаи никоҳ созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва ўҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношўӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.
1. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад.

Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рўзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.

2. Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад.

3. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.

Мундариҷаи аҳдномаи никоҳ чунин аст:

Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умуми муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд.

Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молумулкиашонро дохил намоянд.

2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мўҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.

3. Аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё амали зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайриамволии байни зану шавҳар;

ҳуқуқу ўҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну муҳтавои қонунҳои оила бошанд.

4. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд: муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк; уҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон; бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон; нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД