Ман пас аз шавҳар карданам ҳамагӣ як-якуним моҳ ҳаёти хушбахтона ба сар бурдам, баъд ғурбат сар шуд, чунки хушдоманам маро дӯст намедошт. Вай худаш маро келин карда, баъд пушаймон шуд, чунки падару модарам одамони камбағал буданд ва ба хонаи шавҳарам мисли дигар арӯсон ҷиҳози хуб бурда натавонистам. Волидонам ҳатто хонаи шахсии худро надоштанд ва мо дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Хушдоманам доим таъкид мекард, ки ҳой келин, мабодо ҳомиладор нашавӣ, писари ман донишҷӯ аст ва намехоҳам, ки умрашро бо ту хазон кунад. Вақте ки ҳомиладор шудам, қиёмат гӯё қоим шуд...
Ин пора аз сарнавишти Латофат ном зани азияткашидаи тоҷик аст, ки бо умед ба даргоҳи “Оила” омадааст, то мардум саргузашти талхашро шунида ба сӯяш дасти хайру саховати хешро дароз намоянд.
Модарамро бо 10 фарзанд аз дар берун карданду...
Латофат Пардаева сокини шаҳри Душанбе буда, ҳаёти душвор ва пурмоҷароеро аз сар гузаронидааст. Аз рӯйи гуфтаҳои худаш, волидонаш серфарзанд будаанд ва замони кӯдакии онҳо бибиаш падару модарашро бо 10 фарзанд аз дар берун кардааст. Модараш дар заводи “ФАНОН” ба кор медарояд ва аз тарафи корхона ба онҳо хобгоҳ медиҳанд, то зан зиндагиашро бо 10 фарзанди хурдсолаш пеш барад. Латофат мегӯяд, азбаски волидонаш одамони бениҳоят камбағал буданд, чашидани хушиҳои кӯдакӣ ба онҳо муяссар нагашт ва мисли дигар ҳамсолонашон зебо либос пӯшида наметавонистанд, чунки падару модараш ба зӯрӣ нони шикамашонро меёфтанд.
Дарду алами арӯси камбағал
Пас аз хатми мактаби миёна Латофат ба ҷавоне ба шавҳар мебарояд, ки ба қавли худаш бародари як муаллимаашон будааст. Азбаски ду ҷавон ҳамдигарро дӯст медоштанд, хушдоманаш маҷбур ӯро келин мекунад, вале ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бо сабаби камбағалии падару модараш дар хонаи хушдоманаш заррае қадру қимат надошт. “Раҳматӣ хушдоманам доим таъкид мекард, ки мабодо ҳомиладор нашавӣ, писари ман донишҷӯ аст ва намехорҳам, ки ҳушаш ба кӯдак шуда, дарсашро партояд, вале баъди чанд моҳ ман ҳомиладор шудам. Аввал ҳамроҳи модарам ба назди духтури занона рафтам. Ташхис нишон дод, ки ҳомиладор шудаам. Бегоҳ ин хабари хушро ба шавҳар ва хушдоманам расондам, вале онҳо шод нашуданд. Хушдоманам гуфтанд, ки кӯдак айни замон як дарди сари зиёдатӣ аст, гирифта партоям. Розӣ нашуда гуфтам,ки ризқи ҳар як кӯдакро худо медиҳад, вале рӯзи дигар маро зӯран ба назди духтурон бурданд ва исқоти ҳамл карданд.
Бахти сиёҳ ва алами бефарзандӣ
Латофат мегӯяд, ҳамин тавр оилаи онҳо вайрон шуд, чунки аз оғоз пойдевораш устувор набуд. Аз рӯйи нақли ин зан баъди аз хонаи хушдоманаш ба хонаи волидонаш омадани Латофат низ муддате шавҳараш ба назди ӯ рафтуомад мекардааст, вале баъд модараш ӯро хонадор мекунад ва умеди зан аз бозгашти шавҳараш пурра меканад.
“Аз ҳама аламовараш он буд, ки фарзанди нахустини маро зӯран исқоти ҳамл намуда, маро якумра аз лаззати модар шудан маҳрум карданд. Солҳои зиёде табобат гирифтам, вале ҳамаи табибон бо як овоз мегуфтанд, ки бо сабаби исқоти ҳамл кардани кӯдаки якум ба ҷисми ман зарари ҷиддӣ расидааст ва дигар ҳеҷ гоҳ ҳомиладор шуда наметавонам. Вақте фаҳмидам, ки бенасл гаштаам ва дигар ҳеҷ гоҳ модар шуда наметавонам, дубора шавҳар накардам, зеро меваи умри одамизод фарзанд аст ва ман намехостам ҳаёти як шахси дигарро сӯзонам,”-мегӯяд Латофат Пардаева.
Русия - роҳи гурез аз алами бахти сиёҳ
Хабари зан гирифтани шавҳараш Латофатро бе кор кушта, мисли ҳар як зане, ки бахти худро аз даст додааст, чун ҳезуми тар дарун ба дарун месӯзад.
Азбаски хонаи хушдоманаш дар ҳамсоягӣ будааст, дидани собиқ ҳамсараш бо зани дигар ҳар рӯз ба рӯйи захми сӯзони дилаш намак мепошид. Ба хотири гурез аз рашк ва алами ҷигарсӯзи бахти сиёҳ Латофат тасмим мегирад, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳад рафт. “Бечора модарам аз ким-кадом шиносаш 100 доллар қарз гирифт ва ман бо ҳамон пул билет харида ба Русия парвоз кардам, то кор карда, бо меҳнати ҳалоли худ соҳиби хонаву дари обод шуда, зиндагиамро аз нав бисозам, вале бахт ба рӯям нахандид,”-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Дарду аламҳои муҳоҷират
Латофат дар мулки рус муддати 10 сол кор карда бошад ҳам, орзуҳои худро амалӣ карда натавонист, зеро маҷбур буд нисфи маблағеро, ки бо меҳнати вазнин ба даст меовард,сарфи иҷорахонаҳо ва тахт кардани ҳуҷҷатҳои худ созад.
“Ростӣ, вақте ки дигарон “Дар Русия кор карда, бо меҳнати ҳалол хона харидам” мегӯянд, ҳайрон мешавам, чунки ман чи будани дарду ранҷи муҳоҷиратро хуб мефаҳмам. Муддати 10 сол дар Русия будам ва дар бисёр ҷойҳо кор кардам, вале аз нисфи зиёди маблағи ба даст меовардаам сарфи иҷорапулӣ ва тахт кардани ҳуҷҷатҳо мешуд. Муҳоҷири беҷора бе ҳуҷҷат ҳатто дар кӯча осуда гашта наметавонад. Муҳоҷират махсусан барои занони муҳоҷир бениҳоят душвор аст, дар мулки бегона, барои чор танга пул дар сармои қаҳратун корҳои вазнинтаринро анҷом дода, хуни ҷигар мешавӣ, вале маблағе, ки ба даст меорӣ, базӯр ба хӯрдану пӯшиданат мерасад ва каму беш ба аҳли оила кӯмак мерасонию халос. Ҳаминашро фаҳмидам, ки пул ҷамъ карда, хона харидан барои як зани муҳоҷир ғайри имкон будааст,”-мегӯяд Латофат Пардаева, ки 10 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд.
Садамаи тақдирсӯз
Аз рӯйи нақли қаҳрамонамон, вай як қисми маблағи дар Русия кор кардаашро барои табобати модараш сарф намудааст, вале ҷони ӯро харида натавонистанд. Пас азм арги модар Латофат дубора ба Русия бармегардад, вале ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, саломатии худро аз даст медиҳад.
Илтиҷо аз мардум
Латофат Пардаева мегӯяд, дар умраш ҳеҷ гоҳ ба сӯйи касе дасти ниёз дароз накрада буд, вале бар асари садама саломатиашро аз даст дода, имрӯз мӯҳтоҷи кӯмаки дигарон гаштааст.
“Мехостам дар ягон ҷо кор карда, нони беминнат ёфта хӯрам, вале устухонҳоям, ки бар асари садама шикаста буданд, чунон дарди ҷонкоҳ мекунанд, ки қариб ба гиря мерасам, болои ин чашмонам низ хуб намебинанд. Мушкили камбинӣ дорам. Орзу доштам мурдаам аз хонаи худам барояд, вале аз афташ ин орзуро бо худ ба гӯр мебарам. Фарзанде надорам, ки бароям доруву дармон тхарад ё дар чунин рӯзҳои душвор дастамро бигирад. Аз ҳамин сабаб мани бефарзанд маҷбур шудам, ки ба “Оила” муроҷиат намуда, аз дигарон кӯмак пурсам. Умедворам, ки шахсони хайрхоҳ ба хотири ризои худованд ба сӯйи мани бе бачаю бе духтар ва танҳову зор дасти саховати худро дароз месозанд,”-мегӯяд Латофат Пардаева ашки чашмонашро поккунон.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зан ёрӣ расонанд, метавонанд ба рақами 93-113-54-54 занг зада, бо худи Латофат суҳбат намоянд ва сарнавишти талхи ӯро аз зебони худаш шунида, хайрияи худро ба ӯ расонанд.
Ф. САТТОРӢ