Рӯзи якшанбе. Хуршед аз паси қуллаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷамоли зарҳалинашро ба намоиш гузошта, ба оламиён аз фарорасии субҳ дарак дод.
Файзулло аз хоб хест. Бо табъи хира ва дили озурда. На рӯй шусту на субҳона хӯрд. Расми калони ҳамсарашро, ки болои сараш овехта буд, аз мехи девор гирифта, ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Таги дарахти арча нишаста, расмро дар пешорӯяш гузошта, бо алам гуфт:
- Файзигулҷон, ту маро танҳо гузоштӣ. Бе ту ин ҷаҳон ба ман даркор нест.
Ин дам касе дарбачаи дарвозаро оҳиста кӯфт. Соҳиби хона ба тарафи овоз гардан тофт ва бо тааҷҷуб ба худ савол дод: дар ин субҳи содиқ кӣ ӯро ташвиш медода бошад? Дар ҳоле ки ӯ касеро интизор нест.
Оҳиста аз ҷойи нишаст қомат боло карда, бо дили нохоҳам ба тарафи кӯча гом бардошт. Дарбачаро кушода, дар рӯ ба рӯяш ҷӯгидухтари тахминан бист - бистудусолаи мавзунқомати чеҳрагандумгунро тани танҳо дида, дар ҳайрат монд. Одатан, ин қавм аз ду нафар зиёд ба талбандагӣ мебароянд.
Духтарак бе овоз дасти росташро ба сӯйи ҷавонмард дароз кард. Файзулло интизор буд, ки меҳмони нохонда чун дигар гадоён суруди худро оғоз менамояд:
- Ба ҳурмати Баҳовуддини балогардон! Садақа радди бало! Худо умри фарзандонатро дароз кунад! Якатон даҳ шаваду даҳатон ҳазор! Ба арвоҳи гузаштагон хайр кунед!
Ҷӯгидухтар хомӯш буд ва сарашро поин намуда, ба замин менигарист. Мижгонҳои сиёҳи дарозаш болои рухсорҳои анормонандаш қатор саф кашида буданд.
Файзулло ба хона даромада, аз кисаи пиҷакаш як даҳ сомониро гирифта, болои кафи дасти духтар гузошт. Ӯ хомӯшона даст ба рӯй кашид ва лабони тунуки дилкашашро саҳл ҷунбонд. Маълум набуд, ки гадо дуо мехонад ва ё минатдорӣ баён мекунад.
Ҷӯгидухтар тоб хӯрда, ба сӯйи хонаи ҳамсоя равон гашт. Ду банди кокули сиёҳи мормонандаш зимни қадаммонӣ алвонҷ хӯрда, дили ҳар тамошобинро ба шӯр меовард. Ба роҳгардии талбанда зеҳн монда, хаёле ба андеша рафт ва шеъри шоири ғӯррамарг Савдоро ба ёд овард:
Ҷӯгизанони шаҳру мазангони бодия,
Доранд бар фатонату идрокат офарин.
Баргашта болои курсӣ нишаст ва ба симои зебои ҳамсари марҳумаш нигариста, рӯзҳои бо ҳам хурсандона гузарондааш чун навори синамо пеши назараш ҷилвагар шуд…
Онҳо мавриди ҳуҷҷатсупорӣ бо ҳам шинос шуданд. Файзулло ба духтари қаднавчаи хушандом бо лаби пурханда муроҷиат кард:
- Шумо аз кадом ноҳия?
- Аз ноҳияи Панҷ,- бо шумо гуфтани ҷавон духтар донист, ки ӯ боадаб ва хушмуомила тарбия ёфтааст.
- Номат чист?- бо ҳамон оҳанг ҷавон пурсишро давом дод.
- Файзигул,- нашармида духтар ҷавоби саволро дод ва дар навбати худ пурсид:
- Номи шумо чӣ?
- Файзулло!- ҷавон бо табассум номашро ба забон овард.
- Оҳ-ҳо,- хандид духтар.- Ду Файз дар як факултет.
Пешгӯйии Файзигулро кадом фариштае омин гуфта будааст, ки тасдиқ гардид. Ҷавону духтар ному насабашонро дар рӯйхати дохилшудагон ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносӣ дида, аз шодиву хурсандӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд.
Дар машғулиятҳо паҳлуи ҳам нишастанд ва рӯзе Файзулло орзуи дили бирёнашро аён кард.
- Файзигулҷон, ман ба шумо меҳр бастам. Агар ба муҳаббати ман сидқан бовар дошта бошӣ, ба хонаатон хостгор фиристам.
- Файзуллоҷон,- бо нармиву шарми духтарона ҷавоб гардонд интихобкарда,- ман ҳам диламро дар кафи дасти пурмеҳри шумо гузоштаам. Фақат бо як шарт.
- Чӣ хел шарт, нозанинам?- дили Файзулло лабрези шодӣ гардид.- Ба ҳама шартҳоят розиям.
- Тӯю издивоҷ пас аз хатми донишгоҳ,- Файзигул рост ба чашмони шавҳари ояндааш бо меҳр нигарист.
(Давом дорад)
Зариф ҒУЛОМ