Мафтуна боз як моҳ пайдо нашуд. Дили Файзуллоро гургон тала мекарданд. Охир, ӯ тоқат накарда, рӯзи шанбе ба деҳаи Моинкаҷ омад. Аз писараке хонаи Мафтунаро пурсид.
- Дар охири кӯча хонаи охирин аз тарафи дасти чап,- ҷавоб гардонд ҷӯгиписар.
Мошинро дар назди дарбачаи аз шоху навдаҳои дарахти бед сохтаву якпаҳлу хобида монда, ба ҳавлӣ даромад. Манзара ҳолати ҳузноваре дошт. Маълум буд, ки дасти мард намерасад.
Файзулло ду-се маротиба номи духтарро гирифта, овоз баланд кард. Ҷавоби муроҷиаташро нашунида, дари хонаро оҳиста кушод ва пой бар дохил гузошт. Дар кунҷи хона болои курпа духтар мехобид ва ҳазён мегуфт. Дар бари болин кампираке дасташро ба зери манаҳи овезонаш гузошта, ҳайрон ба милиса нигариста, бо садои паст гуфт:
- Ҷонатба садқа. Худо туро аз куҷо овард? Духтарро ба беморхона баред. Табаш баланд. Илоҳим дар сари қабри Юлдош мурғи сияҳ пар- пар занад. Хонасӯхта духтарро ба ин ҳол гирифтор намуд.
Файзулло хам шуда, даст ба пешонаи бемор гузошт. Мафтуна дар таби баланд месӯхт. Бо лабони торс кафидааш чизе мегуфт. Гӯш ба лабони парсингбастааш часпонд ва аранге номи худро шунид. Чолокона духтарро рӯйи даст гирифта, ба берун баромада, дар ҷояш карахт монд. Оинаҳои пасу пеши мошин шикаста, балонҳоро бо мех сӯрох карда, ҳавояшро бароварда буданд. Ҳолати пакарияш як дақиқа давом кард.
Ӯ тоб хӯрда беморро болои ҷогаҳаш хобонд. Ба берун баромада, телефони дастиашро ба кор дароварда, бо овози баланд дод зад:
- Каримҷон, мошини «ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба деҳаи Моинкаҷ фирист ва худат бо аккосу ду шоҳид ҳозир шав.
Файзулло пас аз ним соат бо ёрии табибон Мафтунаро ба мошин савор карда, ба беморхонаи деҳаи Мачитон овард. Каримҷон бошад, ба таҳкиқи ҳодисаи шикасти мошин гузашт.
Таъқиди ҷӯгидухтар рост баромад. Ӯ ҳис намуд, ки дар идора муносибати ҳамкорон нисбаташ сард гардида истодааст. Ёру дӯстон бо ҳар баҳона худро аз ӯ дур мегиранд. Ҳаққу ҳамсояҳо рафту омадро канданд.
Рӯзе сардор ӯро ба наздаш даъват карда, норозигиашро баён намуд.
- Фақат аз пушти ҳамон мазангат давида, корро тамоман фаромӯш кардаӣ.
- Хоҳиш мекунам нисбати ҳамсари ояндаам беэҳтиромӣ зоҳир накунед,- эрод гирифт Файзулло.
- Ин моҳ чанд парванда ба суд ирсол намудаӣ?,- полковник сухани муфаттишро нодида гирифт.
- Ду парванда.
- Бародарони дирӯз хатм кардаи факултет чор-панҷ парванда ба суд фиристодаанд. Шарм намедорӣ, ки бо собиқаи чандинсолаи корӣ ҳамагӣ ду парванда ба суд равон кардаӣ? Фаромӯш накун, ки давлат барои фориғболӣ пул намедиҳад.
Инаш, хайр майлаш. О, ҷавонмард, ки хонадор шавад, маъракаи тӯяшро мегузаронад, то ки дар он падару модар, хешу табор, ёру дӯстон, ҳамкорон ва ҳаққу ҳамсояҳо иштирок кунанд. Ту чӣ? Хапу хомӯшу бо тариқи пинҳонӣ оиладор шуданӣ. О, дар тӯят иштирок карда, туҳфа мебарем. Ҳатто ақди никоҳатро ба таври махфӣ қайд кардан мехоҳӣ.
- Ҳангомаро ҳамсарам намеписандад,- сар ба зер гирифта, посух гардонд Файзулло.
- Маслиҳати ман ҳамин,- сардор каме ба овозаш нармӣ дохил кард,- беҳтараш ҷойи коратро иваз бикун. Ба ягон ноҳияи дурдаст бирав, ки касе тую ана вай янгаи ҷӯгиро нашиносад.
(Давом дорад)
Зариф ҒУЛОМ