Arzon march 2024
Ғафуров: Ҷавони 24-сола шавҳари пинҳонии модарашро кушт!
1222

Дар Вилояти Суғд боз як ҳодисаи вазнини куштор сар зад, ки сабаби асосаш рашк мебошад. Миш-мишу ҳангомаи мардум дар бораи ишқу ошиқиҳои модар писарро ба қавле “девона” карданд ва барои хотима гузоштан ба ин ҳама сару садо ва овозаву дарвозаҳои гӯшхарош корд ба даст гирифта аз пайи ситонидани қасос шуд...
Тиллоев Ҷонишер Алишерович, сокини 24-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби кормандони Раёсати корҳои дохилии Вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ваҳшатноки куштор дастгир шудааст. Ҷавон дар қатли “шинос”-и модараш муттаҳам дониста мешавад...
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилаи вилоят Ҷонишер Тиллоев рӯзи 28-июли соли равон ошнои модараш-Рустам Очилови 41-соларо кордборон намудааст. Ин ҳодисаи хунин тахминан соатҳои 11:-30 сар зада, байни Ҷонишер ва Рустам дар назди бинои маъмурии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Ғафуров аввал ҷангуҷанҷли лафзӣ ба миён омада, баъдан кор ба кордкашию хенрезӣ расидааст.
Ҷавон модарашро бо марди шикосаш дар назди бинои зиркшуда дида, аз ҳисси рашку бадбинӣ б ӯ моҷаро мекунад ва дар рафти ин муноқиша ба гардан ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими Рустам Очилов пай дар пай мезанад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ номбурда, то беморхона нарасида дар роҳ ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Ба гуфти масъулини дафтари матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд айни ҳол нисбати Ҷнишер Тиллоев бо моддаи 110 КҶҶТ(қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Гумонбар:
Дар деҳа овоза шуд, ки Рустам ошиқи модарам аст

Дар наворе, ки кормандони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд омода кардаанд, гумонбар Ҷонишер Тиллоев ба кормандони милитсия мегӯяд:
-Дар деҳа овоза шуд, ки Рустам бо модари ман муносибат доштааст. Ӯ қаблан 5-6 бор ба хонаи мо омада буд ва нисбаташ шӯҳба надоштам, баъди овозаҳо гумону шуҳбаам зиёд шуд. Ба гапи мардум дигар тоқат карда натавонистам. Рӯзи 28-уми июл ба назди бинои маъмурии шаҳраки Ғафуров рафтам. Дидам, ки Рустам бо модарам нишастааст. Гуфтам, ки ту чи кор дорӣ ба модари ман?! Чаро бо ӯ якҷо нишастаӣ? Дар ҷавоб гуфт, ки ман модаратро никоҳ карда гирифтагӣ ҳастам. Ин посухи мардро шунида рости хун ба сарам зад ва ҷанҷол кардам. Вақте мушт ба гиребон шудем, кордро бароварда ӯро задам.
Чаро куштор авҷ мегирад?
Ҳодисаҳи нохуши куштор ва қасди куштор солҳои охир дар Вилояти Суғд рӯ ба афзоиш ниҳдаанд. Ёдовар мешавем, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2020 (2 сол пеш) дар шаҳру навоҳии инвилоя 10 ҳодисаи куштор рух дода буд. Вилояти Суғд дар масъалаи афзоиши куштор, сӯйқасд ба куштор ва худкушӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола омори ин гуна ҷиноятҳо тамоюли болоравӣ дорад. Аксари ҳодисаҳои ваҳшатноки куштор ва худкушӣ бо сабаби зӯроварӣ ва моҷароҳои хонаводагӣ сар зада, баъзан як ҳарфи ноҷо боиси сар задани фоҷиаи хунин мегардад, ки хеле ташвишвар мебошад. Аз рӯи таҳлилҳои кормандони милитсияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бештари ҷиноятҳои куштор дар байни зану шавҳар, аъзоёни як оила ва дӯстони наздик рух медиҳад. Сабаби куштор ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, агар дар байни зану шавҳар нофаҳмиҳои оилавӣ бошад, байни дигар аъзоёни оила бештар бар пяи хусуматҳои шахсӣ чунин ҷиноятҳои вазнин сар мезананд. Сабаби куштори дӯстони наздик бошад бештар моҷароҳои иқтисдӣ, додугирифти пулӣ (қарз) ва аз меъёр зиёд истеъмол карани машруботи спиртӣ аст

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД