Gazprom july 2025
Агар кӯдак бе ақди никоҳи расмӣ ба дунё омада бошад...
15.08.2025
Oila.tj
218

Барои муқарар кардани падарӣ чӣ бояд кард?

Сарнавишти Наргис

Маъмулан дар Тоҷикистон бештари духтарон дар синни 18-22 солагӣ ба шавҳар мебароянд, вале бонувоне низ ҳастанд бо сабабҳои гуногун каме дертар оиладор мешаванд. Қаҳрамони мо-Наргис аз тоифаи чунин духтарон аст. Вай дар синни 28 солагӣ ба шавҳар баромадааст. Азбаски аксари ҷавонони ҳамсолаш аллакай соҳиби зану фарзанд гашта буданд, волидони Наргис хостгории як марди аз ҳамсараш ҷудошударо қабул карда, духтарашонро бо риояи тамоми расму русум ба шавҳар доданд, вале...

Наргис баъди никоҳ фаҳмид, ки шавҳараш талоқи занашро дода бошад ҳам, расман ақди никоҳи онҳо бекор карда нашудааст ва аз ҳамин сабаб наметавонад бо ӯ аз қайди давлатии ақди никоҳ гузарад. Шавҳараш ӯро бовар кунондан мехост, ки дар зиндагии оилавӣ гузоштани мӯҳри никоҳ дар шиноснома не, балки ҳамдигарфаҳмӣ муҳим аст, аммо...

Падардорони бепадар

Муддати 5 сол онҳо бидуни ақди никоҳи расмӣ зиндагӣ карданд ва дар ин муддат ӯ як писару як духтарчаи зеборо ба дунё овард. Азбаски шавҳараш аксар вақт дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд, барои бе ҳуҷҷат намондани кӯдаконаш вай ҳамчун модари танҳо барои фарзандонаш бо насаби худ “Шаҳодатномаи таваллуд” гирифт. Дар асл падар дошта бошанд ҳам, дар ҳуҷҷатҳои кӯдакони Наргис ному насаби падарашон қайд нашуда буд, аммо ҷавонзан ба ин аҳамият намедод, чунки шавҳараш хонаи 3 ҳуҷрагӣ дошт ва тамоми шароитҳои зарурии зиндагиро фароҳам оварда, онҳоро ҳаматарафа таъмин менамуд. Наргис фикр мекард, ки ақди никоҳи расмӣ надошта бошанд ҳам, зиндагиаш як умр ҳамин тавр шоҳона мегузарад, аммо...

Марги ногаҳонии шавҳар ва оғози сарсониҳои Наргис

Ба бахти бади Наргис падари фарзандонаш якбора ба касалии саратон гирифтор шуд ва аз байн шаш моҳ нагузашта, дунёро падруд гуфту ҷавонзан бо ду кӯдаки хурдсол байни замину осмон танҳо монд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳанӯз маъракаҳои мотамии шавҳараш анҷом наёфта, собиқ ҳамсараш, ки солҳо пеш ҷудо шуда бошанд ҳам, то ба ҳол ақди никоҳашон расман бекор карда нашуда буд, пайдо шуд ва аз Наргис талаб намуд, ки хонаро зудтар холӣ кунад.

Наргис бо гиряву зорӣ мефаҳмонд, ки ӯ аз ин мард ду кӯдаки хурдсол дорад, аммо барои палонҷаш аслан фарқ надошт, ки тақдири ин зан ва фарзандони кӯчакаш чи мешавад. Вай бо забони дароз мегуфт, ки ақди никоҳаш бо шавҳараш бе кор карда нашудааст ва ин хона ҳамчун мерос ба фарзандони ӯ мемонад.

Баҳсу моҷарои ду зан қариб як сол тӯл кашида, ба фоидаи собиқ ҳамсари шавҳараш анҷом ёфт. Палонҷаш ва фарзандонаш дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаашон хонаро ҳамчун мерос қабул карданд ва Наргисро бо кӯдаконаш аз дар берун намуданд.

Наргис пушаймон аст, ки чаро дар вақташ аз паси тахт кардани ҳуҷҷатҳо нашуд, агар ақаллан барои муқаррар кардани падарӣ муроҷиат менамуд, фарзандонаш насаби падарашонро гирифта, ба мероси падари раҳматиашон ҳуқуқ пайдо мекарданд ва шояд имрӯз дар кӯча намемонд...

Кӯдак бе никоҳи расмӣ ба дунё омада бошад, насаби падарашро мегирад?

Наргис ягона зане нест, ки бо сабаби надоштани ақди никоҳи расмӣ бо шавҳараш ва дар шаҳодатномаи таваллуди фарзандон набудани ному насаби падарашон бо мушкилот рӯ ба рӯ гаштааст. Мутаассифона, иддае аз занон намедонанд, ки ҳатто дар сурати ақди никоҳи расмӣ надоштани зану шавҳар ҳам, фарзандони онҳо насаби падарашонро гирифта метавонанд, вале барои муқаррар намудани падарӣ ба суд ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намудан лозим аст.

Барои муқаррар намудани падарӣ чӣ бояд кард?

Тартиби муқаррар намудани падарӣ дар моддаи 50-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 7-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” аз 27- декабри соли 2024 таҳти №563 нишон дода шудааст. Мувофиқи моддаи 56-и қонуни мазкур барои муқаррар намудани падарӣ аризаи муштараки падар ва модари кӯдак, ки бо ҳам ақди никоҳи муштарак надоранд, дар бораи муқаррар намудани падарӣ ё санади судӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва ё муқаррар кардани воқеияти эътирофи падарӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, асос шуда метавонад.

Дар ариза дар бораи муқаррар намудани падарӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

1. Насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат ва маҳалли истиқомати шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф намудааст.

2. Насаб, ном, номи падар, ҷинс, сана, ҷойи таваллуд ва миллати кӯдак.

3. Маълумот дар бораи сабти асноди таваллуди кӯдак

4. Насаб, ном ва номи падари кӯдак баъд аз муқаррар намудани падарӣ.

5. Маълумотҳои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падар ва ғайра.

Ҳолатҳое мешаванд, ки модари кӯдак аз дунё мегузарад, ба бемории рӯҳӣ гирифтор мегардад, бе ному нишон гум мешавад ё аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо падари кӯдак метавонад мустақилона барои бақайдгирии давлатии муқаррар кардани падарӣ ариза пешниҳод намояд.

Дар ин ҳолат дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар боло номбар кардем, падари кӯдак бояд шаҳодатномаи вафоти модар ё нусхаи санади судиро дар бораи ғайриқобили амал эътироф намудани модар ва ё маҳрум намудани зан аз ҳуқуқи модарӣ пешниҳод намояд. Модари кӯдак беному нишон гашта бошад, дар бораи бедарак ғоибшуда эътироф намудани зан ё ғайри имкон будани муқаррар намудани ҷойи зисти ӯ санади судӣ ё маълумотнома аз ВКД бояд пешниҳод карда шавад.

Агар мард падарии худро эътироф кардан нахоҳад...

Тавре ки ҳуқуқшинос Ҳилолбӣ Назарова мегӯяд:

-Агар мард падари кӯдак будани худро эътироф кардан нахоҳад, он гоҳ барои муқаррар намудани падарӣ ба суди маҳалли зисти падари кӯдак муроҷиат намудан лозим аст. Барои исбот намудани падарӣ далелҳои зиндагии муштарак ба сар бурдани модари кӯдак бо марде, ки падари кӯдак ба ҳисоб меравад, навору аксҳои якҷояи онҳо ва шаҳодати шоҳидон лозим мешавад. Ҳуқуқшинос мегӯяд, агар мард ба фарзанди ӯ будани кӯдак шубҳа дошта бошад, бо дархости яке аз тарафҳо суд метавонад ташхиси судӣ-тиббии молейкулярӣ (ДНК) таъин намояд. Дар ин ҳолат маблағи ташхисро шахсе, ки гузаронидани ташхиси молейкуляриро (ДНК) талаб кардааст, месупорад ва мувофиқи натиҷаи ташхис падарӣ муқарар карда мешавад.

Бақайдгирии давлатии муқарар намудани падарӣ

Пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ ё муқаррар намудани воқеияти эътирофи падарӣ, бо аризаи хатии модари кӯдак, васӣ, парастор ё шахсе, ки кӯдак дар нигоҳубини ӯ қарор дорад, дар маќомоти САҲШ бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ гузаронида мешавад. Пас аз бақайдгирии давлатӣ “Шаҳодатномаи муқаррар кардани падарӣ” дода мешавад.

Тибқи моддаи 65-и қонуни мазкур пас аз бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ маълумот дар бораи падар ба сабти асноди таваллуди кӯдак ворид карда шуда, дар “Шаҳодатномаи таваллуд”-и кӯдак ному насаби падараш қайд мешавад.

Чаро муқарар намудани падарӣ муҳим аст?

Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ хеле муҳим аст, зеро бо сабт шудани ному насаби падар дар ҳуҷҷатҳои кӯдак байни падар ва фарзанди ноболиғ ё болиғаш муносбатҳои ҳуқуқӣ ба миён меоянд. Дар ин ҳолат, агар зану мард ақди никоҳи расмӣ надошта бошанд ҳам, мард вазифадор мегардад, ки дар тарбия ва таъмини фарзандаш саҳм гузорад. Пас аз муқаррар намудани падарӣ ва расман ба қайди давлатӣ гирифтани он кӯдак ба гирифтани алимент ҳуқуқ пайдо намуда, минбаъд аз мероси падар баҳравар мегардад.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД