goodwell
Акнун тилоро аз Бонки миллӣ онлайн харидан мумкин аст
22.10.2026
Oila.tj
84

Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии фурӯши сабикаҳои тилоӣ ва тангаҳои хотиравӣ, коллексионӣ ва сармоягузориро ба роҳ монд.

Акнун сокинони кишвар метавонанд тавассути сомонаи расмии бонк маҳсулоти тилоиро интихоб карда, онлайн фармоиш диҳанд.

Дар мағозаи интернетӣ харидорон имкон доранд аксҳои маҳсулотро тамошо карда, бо вазн, хусусиятҳо ва нархи онҳо шинос шаванд ва фармоишро ба расмият дароранд.

Нархи сабикаҳои тилоӣ чанд аст?

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, то 21-уми октябр нархи сабикаҳои тилоӣ чунин аст:

5 грамм - 6 ҳазору 314 сомонӣ;

10 грамм - 12 ҳазору 506 сомонӣ;

20 грамм - 24 ҳазору 879 сомонӣ;

50 грамм - 61 ҳазору 980 сомонӣ;

100 грамм - 123 ҳазору 885 сомонӣ.

Нархи тило ҳар рӯз тағйир меёбад. Бонки миллӣ инчунин нархи бозхариди сабикаҳои тилоиро эълон мекунад.

Мағозаи интернетӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрас буда, ба муштариён имкон медиҳад, ки бидуни муроҷиати аввалия ба нуқтаи фурӯш бо маҳсулот ва нархи онҳо шинос шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД