shoh palace
Акси бахткушо
5116

 

Саломи худро ба тамоми хонандагони ҳафтаномаи “Оила” мерасонам. Ман М., аз шаҳри Ҳисор ҳастам. Аслан ман дар донишгоҳ нахондаам ва аксгириро чандон дӯст намедорам. Баъди ба синни 18 расидан, ба хонаи мо хостгорҳо зиёд меомаданд. Азбаски баъзе хостгорҳо мегуфтанд, ки писарамон дар хориҷа қарор дорад, падару модарам суратҳои қоғазии маро нишон медоданд. Хостгорҳо чанд сурати маро бо худ бурданд, дигар ягон суратам дар хона намонд. Ману хоҳарам дар як ҳуҷра хоб мерафтем. Хоҳарам хеле духтари шӯх буд. Модарам барои он ки мабодо ягон хостгор наояд, дар телефонаш чанд сурати маро гирифта буд. Як шаб падару модарам ба меҳмонӣ рафтанд ва ману хоҳарам дар хона танҳо мондем. Волидонам телефони модарамро дар хона гузоштанд, то ки аз ҳоли мо бохабар шаванд. Шаб баъди он ки маро хоб бурдааст, хоҳари шӯхам дар ҳолати хоб ва нимурён маро чанд акс гирифтааст, то ки саҳарӣ ба ман нишон диҳад. Субҳ хоҳарам ба мактаб мераваду баъди нисфирӯзӣ модарам аз меҳмонӣ бармегардад. Ҳамон рӯз боз ба хонаамон хостгор омад. Онҳо аз падару модарам хоҳиш карданд, ки ягон сурати маро нишон диҳанд.

Азбаски суратҳои қоғазӣ тамом шуда буданд, падару модарам телефонро гирифта, сурат мекобанд ва сурати даркориро ба хостгорон нишон медиҳанд. Модари ҷавон мехоҳад, ки аксҳои маро ба писари дар Русия будааш равон кунад. Ҷиддияти хостгорҳоро дида, падару модарам розӣ мешаванд. Зан суратҳоро аз телефони модарам дар шакли папка ба телефонаш гирифта меравад. Баъди рафтани онҳо хоҳарам аз мактаб омада, аксҳоро аз телефон пок кардааст. Ман аз ҳамаи ин гапу кор хабар надоштам. Сурати нимурёни маро хостгорҳо бо худ бурдаанд. Хулоса, тӯйи мо барпо шуд ва аз байн як сол гузашт. Рӯзе шавҳарам ба ман сурати нимурёни давраи духтариамро нишон дод. Аз ҳайрат даҳонам канд. Пурсидам, ки чаро чунин сурати маро дида, боз ба занӣ гирифтааст, магар ягон фикри бад накардааст?

Шавҳарам хандида гуфт: Ман туро бо ҳамин аксат писандидам, вагарна падару модарам ягон акси хуб аз хонаи шумо наоварда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД