Arzon march 2024
Аксҳои духтаронро шаҳвонӣ монтаж мекарданд
1270

Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, ки ду “блогер” ё масъули саҳифаи “Ҳодиса ТВ”-ро дар Инстаграмм бо гуноҳи паҳн кардани маводи порнографӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кард.

Гуфта шудааст, ки ин ду ба ном “блогер” аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Абдуллоев Амрохон Акбархонович, соли таваллудаш 1999 ва Фозилов Рустам Зоҳидбоевич, соли таваллудаш 2000 ба хотири ҷалби тамошобини бештар ва гирифтани лайки зиёд аксҳои шаҳрвандонро аз саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта, ба бадани онҳое, ки дар видеоҳои порнографӣ иштирок мекунанд, мечаспонданд ва дар саҳифаашон дар шабакаи Инстаграм нашр мекарданд.

Ҳарду “блогер” аз кирдори худ пушаймонӣ карда, эътироф кардаанд, ки ҳадафашон аз паҳн кардани маводи порнографӣ ҷамъ овардани тамошобину лайки зиёд буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД