Oila Navruz
Актёри амрикоӣ коргардон ва операторро ҳангоми сабт парронд
1462

 

Алек Болдуин , ҳунарманди машҳури амрикоӣ ҳангоми сабти филми нави худ дар майдончаи наворбардорӣ аз яроқи оташфишон ба сӯйи коргардон ва наворбардори филм тир кушодааст. Режессёр сахт захмӣ шуда, дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад, оператори бадбахт бошад, бар асари захми тир дар беморхона ҷон дод.

майдони наворбардори

Ин ҳодисаи хунин дар Нью-Мексико рӯй дода, ҳунарманди машҳури амрикоӣ Алек Болдуин ҳангоми сабти филми нави худ “ Ржавчина” аз таппонча ба сӯйи гурӯҳи эҷодӣ чанд маротиба тир кушодааст.

актёр 3

Тавре ки РИА-Новости менависад, ду тир ба коргардон Джоэл Соус ва наворбардор Галина Хатчинс расида, ҳарду сахт захмӣ шудаанд. Наворбардор бар асари захми тир дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, коргардон Джоэл Соусро дар ҳолати беҳушӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба беморхона бурданд. Табибон вазъи саломатии коргардонро хеле вазнин арзёбӣ менамоянд.

режиссёр

Алек Болдуин дар “Ржавчина” нақши асосиро мебозид ва ҳамзамон вазифаи продюссери филмро иҷро мекард. Сабабҳои ба сӯйи гурӯҳи эҷодӣ аз яроқи оташфишон оташ кушодани ҳунарманд ҳанӯз нест. Аслан ҳангоми сабти филмҳои пурмоҷаро, ки дар онҳо лаҳзаҳои куштор ва паррон-паррон намоиш дода мешаванд, ба ҳунармандон яроқҳои бе тир медиҳанд ва ҳанӯз маълум нест, ки чи тавр таппончаи пур аз тири ҳақиқӣ ба майдончаи наворбардорӣ афтодааст.Сардори пулиси минтақавии Санта-Фе тирпарронӣ ҳангоми сабти филм ва аз дасти Алек Балдуин тир хӯрдани ду нафарро тасдиқ карда, гуфтааст ҳанӯз нисбати ҳунарманд парвандаи ҷиноӣ оғоз наёфта, Алек Болдуин дар озодӣ қарор дорад.

 

Наворбардор Галина Хатчинс 42-сол дошта, зодаи Украина будааст. Марҳум дар Иттифоқи Шӯравӣ ба воя расида, пас аз хатми бахши журналистикаи байналмиллалии Донишкадаи Киев бо синамогарони бритониёӣ ҳамкорӣ дошт.

актёр 5

Солҳои охир Галина дар Лос-Анҷелеси Амрико зиндагӣ мекард ва ба сифати наворбардор фаъолият дошт.   Филмҳои машҳури “Дорогуша" (2019), "Заклятый враг" (2020) ва “Blindfire “ (2020) самари заҳмати ин зани эҷодкор буданд.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД