sebiston july new
Актрисаи машҳури турк падарашро кушт?
5046

Ханде Доғандамир, ҳунарпешаи маъруфи синамои туркро бо гумони сӯиқасд ба ҷони падараш ба ҷавобгарӣ кашидан мехостанд, аммо...

Яке аз телевизионҳои маҳаллии Туркия бо истифода аз аксҳои Ханде Доғандамир гузоришеро пахш кардааст, ки тибқи он ҳунарпеша барои сӯиқасд ба ҷони падараш, ки корманди бонк мебошад, бояд муҷозот шавад.

Ҳунарпеша дар ҷавоб барои расонидани зарари маънавӣ роҳбарияти телевизионро ба суд дода, аз онҳо 50 ҳазор лира ҷуброн талаб кардааст.

Ҳунарпеша иддао дорад, ки ба ҷони падараш ӯ сӯиқасд накардааст ва хабарнигорон ба ҷои аксҳи дигар нафар аз аксҳои ӯ истифода бурдаанд.

“Ман барои куштани падарам доми марговар омода накардаам. Нафаре, ки дар гузориш дар борааш гап заданд ман нестам, лекин аксҳои маро истифода бурдаанд. Дар назди мардум ман қотили падарам шудам, ки ин ба ман зарари маънавӣ расонид. Барои ин ман ҷуброн мехоҳам”,-гуфтааст Ханде Доғамдамир дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон.

Адвокати ҳунарпеша низ аз ӯ ҷонибдорӣ карда, хостааст, ки роҳбарияти телевизион бояд зарари расонидаи худро ҷуброн кунанд.

“Хабареро дар бораи одамкушӣ бо аксҳои Ханде Доғандамир пахш карданд, ин поймол намудани ҳуқуқҳои ӯ ба ҳисоб меравад. Хабар дар асл ягон асоси воқеӣ надорад. Барои ҷуброни ин мо 50 ҳазор лира ҷуброн мехоҳем, то каме ҳам бошад қаҳри Ҳанде паст шавад”,-гуфтааст адвокати ҳунарпеша.

Ханде Доғандамир 22-юми ноябри соли 1985 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба дунё омадааст. Падараш корманди бонк ва модараш хизматчии давлатӣ мебошанд. Ӯ дар филмҳои “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Дар интизори офтоб”, “Қонун ба хотири оила”, “Асри мӯҳташам” ва ғайраҳо нақшҳои ҷолибу хотирмон офаридааст.

Аз муҳовара:

-Ханде пас аз он, ки дар давлати худ шуморо қотили падар эълон карданд, чӣ эҳсосот  фаро гирифт?

-Мурда зинда шудам. Ҳамон шом ман ба айёдати падарам ба манзилаш рафта, то поси шаб аз ину он бо ҳам сӯҳбат намуда , оиди нақшаҳои кориям ҳарф задем. Баъдан маро бародарам ба хонаам гусел кард. Субҳ тахминан соатҳои 8- буд, ки падарам занг зада аз ман хоҳиш карданд, ки зуд телевизорро монам. Дар телевизион аксҳои маро гузошта, маро барои суиқасд ба ҷони падари хеш мутаҳам менамуданд. Дар ин ҳолат худро дошта натавонистам ва тамоми пиёлаҳои дар наздам гузошташударо ба осмон ҳаво дода, ҳамаи он чизе ки аз пешам баромада буд ба замин майда -майда намудам. Охир, ин овоза маро асабоният сохта буд ва худи ҳамон лаҳза ба суд рафта аз рӯи роҳбарияти ин телевизиони дуруғсоз шикоят кардам...
-Пас аз паҳн гаштани ин овозаҳо мардум шуморо чӣ гуна қабул карданд?
-Душмани падараш будааст, гуфта санги маломат ба сарам мерехтанд. Ангуштнамои мардум гашта будам вале ман духтаре нестам, ки ором нишаста ба ҳама тӯҳматҳо чашм пӯшам. Аз дигар телевизионҳои туркия ба мардум ошкоро сари ин масъала андешаамро байён кардам ва нуфузи он телевизиони дуруғгӯйро ба замин яксон сохтам.
-Мегӯянд, ки муносибати шумову падари банкиратон аз аввал хуб набудааст?
-Не ин тавр нест, ману падарам мисли ҷӯраем ва ман бо дуои онкас рӯи саҳна баромада, инқадар обу рӯ ва шӯҳрати беандозаро соҳиб гаштам. Чӣ гуна метавонад як духтар қотили падараш гардад?! Ҳатто тасаввур намекунам!

-Падаратон пас аз тамошои ин мазҳакаи аҷиб чӣ гуфтанд?
-Тарсиданд ва худашон аз ман пеш занг зада, гуфтанд, ки Ханде ману туро дар байни халқ беобрӯ карданд. Ту гӯё сӯиқасд ба ҷони падарат карда бошӣ?. Падарамро ором намуда, мо ҳарду ба суд муроҷиат кардем ва товони ин тӯҳматро он телевизион худи ҳамонруз ҷуброн сохт.

-Имрузҳо банди чӣ нақшаҳои аҷиб ҳастед?
Дар пайи омодагии филми наве, ҳастем, ки “Борони шӯҳрат” унвон дорад ва ман дар он нақши сарояндаи машҳуреро мебозам, ки дар санъат хушбахт ҳасту дар зиндагӣ хеле бадбахт.
Мо ба шумо барор мехоҳем!
Саломат бошед!





Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД