arzon replenishment
Актрисаи туркро дор кашиданд
4173

 Даричаи ошноӣ:
Номи аслӣ: Миҷгон Гонул
Соли таваллуд: 1-уми октябри 1985
Зодгоҳ: Истамбули Туркия
Касб: актриса
Вазъи оилавӣ: муҷаррад
Филми офаридааш: «Пайроҳаи тақдир»
Актёри писандида: Озан Чобаноғлу

Миҷгон Гонул 1-уми октябри соли 1985 дар пойтахти Туркия- шаҳри Истамбул ба дунё омадааст. Падараш тоҷир, модараш муаллима аст. Миҷгон дар оила фарзанди сеюм буда, як хоҳар ва як додар дорад. Мурғи шуҳрат ба китфи паричеҳраи ҳунарманд ҳанӯз аз замони донишҷӯияш нишаста буд. Миҷгон аз давраи донишҷӯӣ дар театри давлатии Истамбул дар спектаклҳои драмавӣ нақш мебозид.

Табассуми тиллоӣ
Намояндагони ширкатҳои бонуфузтарини Туркия ин фариштаро дар намоишномаҳои театри номдортарини кишварашон дида, волаю шайдои ҳусну ҷамолаш гаштанд ва актрисаи ҷавонро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Роликҳои рекламавӣ бо симои ҷаззоби Миҷгон Гонул кӯчаҳои Истамбулро зеб медоданд. Тоҷирон бо кӯмаки ҳусни гулӯсӯзи ин паричеҳра молу маҳсулоташонро бо нархҳои гарон ба савдо зада, барои тарғиби маҳсулоташон ба Миҷгон пули калон медоданд, аммо...

Хандаи бахт
Табассуми дилфиреби ин духтараки фариштарӯй коргардонҳои машҳури синаморо низ мафтун намуд ва ӯро ба кастинг барои интихоби ҳунарманд ба сериали «Пайроҳаи тақдир» даъват намуданд. Ба ин кастинг ҳамчунин ҳампеша ва дӯсти Миҷгон Озан Чобаноғлу даъват шуда буд. Миҷгону Озан аллакай дар чандин намоишномаҳои театрӣ якҷоя нақш бозида буданд ва аз ним нигоҳ ҳамдигарро мефаҳмиданд. Дар кино ва театр бо якдигар забон ёфта тавонистани ду ҳамбозӣ-партнёр нақши бағоят муҳимро мебозад, ҳамдигарфаҳмии Миҷгону Озан боиси он гашт, ки аз байни ҳазорон довталаб коргардон маҳз ҳамин ду ҷавонро интихоб намояд.

«Пайроҳаи тақдир»
Миҷгон дар сериал нақши ҳамшира Дилоро мебозид, Озан Чобаноғлу бошад, духтур Тоҳир шуд. Муаллима Зайнаб бо духтур Тоҳир ишқварзӣ мекунанду ҳамшира Дило аз рашк дарун ба дарун месӯзад. Тоҳири ошиқ дар тараддуди тӯй аст, аммо дар ин миён муаллима Зайнабро барои худсарона дар деҳаи Оби калон мактаб кушоданаш дар байни мактаббачаҳо ба қатл мерасонанд. Марги фоҷиавии арӯсаш Тоҳирро ҷигархун месозад, вале тавре бузургон мегӯянд, вақт табиби ҳама дард аст. Бо мурури замон Тоҳир ба худ омада, ба ҳамшира Дило бо чашми меҳр менигаристагӣ мешавад, аммо духтари мағрур ишқи ӯро рад мекунад. Зайнаб пеш аз маргаш ба Тоҳир нома навишта хоҳиш карда буд, ки Дилоро ба занӣ бигирад. Дило намехоҳад, ки Тоҳир танҳо барои ба ҷо овардани васияти арӯси раҳматиаш бо вай хонадор шавад, аммо билохира ишқ ғолиб омада, онҳо тӯй мешаванд. Зоҳиран дилдодагон ба муроди хеш мерасанд, аммо душманон боз ба ҷоми бахти онҳо заҳр рехтанӣ шуда, Дилоро ба дор меовезанд...

Пул ва шуҳрат
«Пайроҳаи тақдир» натанҳо дар Туркия, балки дар нисфи сайёра валвала ангехт, зеро ин филм аз дигар сериалҳо ба куллӣ фарқ мекард. Миҷгон ва Озан ба шарофати ҳамин филм азизи дили миллионҳо-миллион одамон гаштанд. Номи ин ду ҳунарманди ҷавон даҳон ба даҳон мегашт, хурду калон баробари дидани Миҷгону Озан ҷониби ин ҷуфти зебо давида, соядаст мепурсиданд, рӯзноманигорони кунҷков бошанд, дар атрофи номи ин ситораҳо ҳар хел овозаю ҳангомаҳо паҳн мекарданд. Актриса дигар як лаҳза ҳам нафаси осуда кашида наметавонист. Аз як тараф мақолаҳои ҳангомавии баъзе журналистони афсонабоф, ки дар бораи ишқбозиҳои вай бо Озан ҳар хел гапҳои дурӯғро мебофтанд, аз ҷониби дигар номаҳои пурдард ва гоҳо таҳдидомези ошиқони бешумори шилқинаш ҷони ӯро ба лабаш мерасониданд. Волидонаш мегуфтанд, ки тезтар ба шавҳар барояд, аз овозаю дарвозаҳои беохир халос мешавад, вале Миҷгон ҳаёти худро барои чанд ҳангомаҷӯй қурбон кардан намехост.
Алорағми ҳангомаҷӯён вай худро пурра ба синамо бахшида, пешниҳоди коргардони филми навбатиро, ки унвони бисёр аҷиби «Асосӣ»-ро дошт, қабул кард.

Зинаҳои шуҳрат
Ин филм Миҷгонро дар зинапояи шуҳрат боз чанд зина боло бурд. Миҷгон нақши Райҳонро хеле олӣ бозида, бори дигар собит сохт, ки вай ҳунармандест нотакрор. Ин филм низ дар байни тамошобинон маҳбубияти бузург пайдо кард ва боз ба сари актриса борони сенарияву пешниҳодҳои аҷиби коргардонҳо борид, вале Миҷгонро кори душвори синамо хаста карда буд ва мехост каме дам бигирад, то руҳан ба офаридани боз як симои барҷаста тайёр шавад.

Арӯси пурноз

Ҳазорон нафар ҷавонмардон ба Миҷгон изҳори муҳаббат менамоянд, ошиқонаш тайёранд барои як табассуми ин фаришта тамоми давлату сарваташонро ба зери қадамаш резанд, вале Миҷгон то имрӯз ба касе бо чашми меҳр нанигаристааст. «Оиладоршавӣ савдои умр аст, на савдои мошин. Шавҳарро ҳар рӯз ё ҳар сол иваз карда намешавад, бинобар ин, ман дар интихоб саросема намешавам. Ҳанӯз марде, ки ман орзу мекунам, пайдо нашудааст, вале боварӣ дорам, ки рӯзе он шоҳзодаи хаёлиам ҳатман пайдо мешавад»,- гуфтааст Миҷгон дар суҳбат ба журналистон.

Машҳур, аммо хоксор
Миҷгон Гонул ҳунарманди машҳур бошад ҳам, мисли баъзе ситораҳо мағруру ҳавобаланд нест. Вай як инсони хоксору заминӣ аст ва бо меҳрубонию раҳмдилиаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Мо умед дорем, ки ин духтараки фариштарӯю фариштахӯ шоҳзодаи орзуҳояшро пайдо карда ба мурод мерасад ва тамоми мухлисони асилашро ба тӯйи арӯсиаш хабар мекунад…

Омодасоз: Рустам

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Рахима 2019-07-03, 19:17
Пойтахти Туркия Истамбул не, АНКАРА!
Посух
Muhammad 2019-07-03, 21:27
Чӣ даркор гапи дурӯғ, барои читателя шудан наход ва баъд пойтахти Туркия Истамбул нест, Анқара аст.
Посух
Фируза. 2019-07-15, 12:50
Бигзор хато бошад.Ҷое,ки кор аст бе хатоги намешавад.Ман аз хондани мақоллаҳоятон як ҷаҳон лаззат мебарам.Аз шумоён ман минатдор ҳастам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Рахима 2019-07-03, 19:17
Пойтахти Туркия Истамбул не, АНКАРА!
Посух
Muhammad 2019-07-03, 21:27
Чӣ даркор гапи дурӯғ, барои читателя шудан наход ва баъд пойтахти Туркия Истамбул нест, Анқара аст.
Посух
Фируза. 2019-07-15, 12:50
Бигзор хато бошад.Ҷое,ки кор аст бе хатоги намешавад.Ман аз хондани мақоллаҳоятон як ҷаҳон лаззат мебарам.Аз шумоён ман минатдор ҳастам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД