arzon replenishment
Ҳалима чанд сол дар куҷо буд?
1641

Ҳунарпешаи маъруфи турк Айчин Туюн, ки дар Тоҷикистон бо исми Ҳалима аз филми сербинандаи “Ҳомиён” маъруф аст, ба иллати гирифторӣ ба бемории саратон ва табобати он чанд муддат аз ширкат дар филмҳо дур буд.

Ӯ соле қабл пас аз тарошидани мӯйи сари худ мӯи сунъӣ ё парик мепӯшид, аммо ҳафтае қабл баъди оне, ки маълум шуд, раванди табобат ба таври мусбат идома дорад, ҳунарпеша бори аввал бе парик акс гирифт.

Айчин дирӯз дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Истамбул ҷарроҳӣ шуд. Ӯро чанд соли охир саратони сина азият медод. Ба навиштаи худаш дар Инстаграм ,ҷарроҳӣ хуб гузашт ва ҳоло вазъияташ беҳтар аст.

“Муборизаи ман бо саратон идома дорад. Ман ҳамеша мегӯям, ки ба худам бовар дорам. Ҳар чӣ бошад, ман зинда меистам ва боз мегӯям, ки ба ин бовар дорам”, - навиштааст ӯ.

Айчин изҳор дошт, ки давоми 3 моҳ муолиҷаи гирифтааш натиҷаи мусбат дод ва умед дорад, ки баъди ҷарроҳӣ боз ба синамо бармегардад.

Ҳунарпеша дар филмҳои сербинандае чун "Зани хурдакак", "Арзиши умр", "Модари духтар", "Ҷевони бобо", "Мисли Юсуф", "Кӯкнори сафед" ва “Ҳомиён” ҳунарнамоӣ кардааст.

Айчин Туюн 8 феврали соли 1987 таваллуд шуда, айни ҳол 36 сол дорад. Ӯ моҳи сентябри соли 2011 бо як барномаи ҳунарӣ ҳамроҳ бо дигар ҳамбозҳояш ба Тоҷикистон омада буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД