formula
АЛЛА ПУГАЧЁВА ДАР ТОҶИКИСТОН
2315

 

Алла Пугачева 70 сола шуд! Боварнакарданист, ки ин «сарояндаи аср», ки ҳанӯз энержии бесобиқа, овози боқуввату марғуладор ва шавҳари ҷавон дораду хеле ҷавон менамояд ва дугоникҳои 6 соларо ба воя мерасонад 70 сола шуда бошад… Албатта, барои Алла барин дӯстодорони гули роз синну сол вуҷуд надорад ва ӯ ҳамеша ҷавон мемонад…

Асри Пугачёва

Алла барои мардуми тоҷик бегона нест. Дар саросари кишвари мо мухлис дорад ва ҳар як тоҷик «Миллион алых роз»-и ӯро чун суруди ба дил наздик қабул кардааст, зеро ин суруд дар бораи муҳаббат аст ва муҳаббат миллат надорад.
Дар бораи Алла Пугачёва барин занони бузург навиштани мақола осон нест, зеро ӯ як сулола (эпоха) аст, сулолаи санъату ҳунари тамоми сайёра.
Беҳуда дар замони шӯравӣ ин латифа маъруф нашуда буд:
«Соли 2050. Яке аз мактабҳои Москва. Дарси таърих.
Муалллим:
-Бачаҳо, Леонид Илич Брежнев кист?
Хонанда:
-Брежнев– як сиёсатмадори кучакест, ки дар замони Алла Пугачёва зиндагӣ кардааст.»
Ин латифа ҳанӯз дар замони қайди ҳаёт ва сари қудрат будани Брежнев аз даҳон ба даҳон мегашт ва дар як барномаи телевизионӣ Алла ба ёд оварда буд, ки онро дар хунаи худи Леонид Илич шунидааст.
Тавре ишора шуд, дар як мақола ғунҷонидани зиндагиномаи ин сароянда имкон надорад, бинобар ин, дар ин нигошта мо на аз шебу фарози тайкардаи Алла, на аз шавҳарҳо ва маъшуқҳояш, на аз фарзанду набераҳояш, на аз репертуари бою рангинаш, на аз қасрҳои боҳашамат ва мошинҳои гаронарзишаш, на аз салиқаи либоспӯшиаш, на аз шӯҳрати бемислаш, балки аз як пораи сарнавишти ӯ, ки бо кишвари мо, бо Тоҷикистон пайванд аст, ёд мекунем.

Ситорае бо номи Алла

Модараш ӯро аз рӯйи ихлос ва муҳаббат ба актрисаи маъруф Алла Тарасова – Алла ном гузошт ва аз кӯдакӣ дар ӯ истеъдоди мусиқиро кашф карда, талош кард, ки духтараш ситора шавад. Ҳамин тавр, Алла мактаби мусиқӣ (1964) ва Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи М. М. Иполитов-Ивановро хатм кард. Ҳанӯз дар овони донишҷӯйӣ дар ҳайати Мосэстрада ба сафари ҳунарӣ баромад ва соли 1966 режиссёри ҷавон ва ҳанӯз номаълум Владимир Шаинский барои ӯ мусиқӣ эҷод мекард. Соли 1967 аввалин маротиба дар барномаи «Будильник» ба экрани телевизион баромад ва ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста дар фазои Иттиҳоди Шӯравӣ ситорае бо исми Алла Пугачёва пайдо шуд…
«Как бы мне влюбиться», «Не спорь со мной», «Дрозды», «Иду из кино», «Король, цветочница и шут», «Просто очень люблю» «Единственный вальс» барин сурудҳои Алла дар оғози солҳои 70-ум тариқи телевизиону радиои марказӣ садо медоданд ва ӯ дар ҳайати гурӯҳҳо ба сафарҳои ҳунарӣ мебаромад.
Солҳои 1975-1976 ду сурудаш «Веселие ребята» ва «Арлекино» эҷод ва аз телевизиони марказӣ намоиш дода шуданду овози ҷозибадори ӯро компазитори маъруф Александр Затсепин шунида писандид, вале ӯ наметавонист ба сарояндаи ҳанӯз шинохта нашуда муроҷиат кунад. Сарнавишт худи Алларо ба назди Затсепин овард…

Алла ва Александр Затсепин
Аллаи орзу дошт, ки сурудҳои ин компазитори маъруфро, ки ҳамаашон зуд хит мешуданд, сарояд. Вақте Аллаи ҷавон ба хонаи Затсепин омад, компазитор барои «Тоҷикфилм» суруд менавишт…
Затсепин, ки он замон машҳур ва сарватманд буд, дар хонааш студияи сабти овоз дошт. Вақте Алла омад, Затсепин матни сурудро ба дасти Алла дод, то ки сарояд.
Ин суруди «Полно вокруг мудрецов» буд, ки ба қалами Л. Дербенёв таалуқ дошт:

Полно вокруг мудрецов,
И они все советуют
Умру в конце-то концов
Я, наверно, от этого.
Кляни ты их, не кляни,
Не отстанут ведь умники эти,
Они ведь знают одни,
Как мне жить
И что делать на свете.

Матн, мусиқӣ ва садо ба ҳам ҷӯр шуда, суруди марғубе ҳосил шуд ва Затсепин онро ба дӯсташ режиссёр Муқаддас Маҳмудов фиристод. Ҳамин тавр, бори аввал дар «Тоҷикфилм» садои Алла Пугачёва аз филми «Шераки далер» соли 1976 садо дод.

Садо аз «Тоҷикфилм»
«Шераки далер» афсонаи бадеӣ-мусиқӣ барои кӯдакон аст, ки онро Муқаддас Маҳмудов соли 1976 дар «Тоҷикфилм» ба навор гирифт. Мӯҳтавои филм бисёр сода буда, ба кӯдакон хеле писанд аст. Масхарабозон ба лагери пионерӣ меоянд ва барои кӯдакон афсонаи «Шераки далер»-ро, ки танҳо ба муқобили душманон мубориза мебарад, нишон медиҳанд. Шераки далери Муқаддас Маҳмудов худро пайрави Хоҷа Насриддин медонад ва худаш ҳам хеле шӯх аст. Нақшҳои асосиро дар ин филм Сайидо Қурбонов (Шерак) ва Лютсия Рисқулова (Зайнаб) иҷро мекунанд. Маҳз сурудҳои Зайнаб бо овози Алла Пугачёва садо медиҳад. Ин сурудҳо «Полно вокруг мудрецов» (А. Зацепин – Л. Дербенёв) «Друг друга мы нашли» (А. Зацепин – Л. Дербенёв) ва «Волшебник-недоучка» (А. Зацепин – Л. Дербенёв) зуд ба дили мардум роҳ ёфтанд.
Ҳамкории Александр Затсепин бо «Тоҷикфилм» самар овард ва баъди як сол Муқаддас Маҳмудов ба сабти филми «Ошпаз ва сароянда» шурӯъ карда, боз ҳам барои оҳанг ба Александр Затсепин муроҷиат намуд. Вақте Затсепин оҳангҳоро навишт, аллакай медонист, ки онро кӣ иҷро мекунад, албатта, Алла Пугачёва.
Тоҳири ошпаз (дар нақш Рустам Уразаев) ва Зуҳрои сароянда аз имтиҳони қабул ба мактаби олӣ намегузаранд, аммо зоҳиран ин онҳоро ғамгин намекунад. Ҳар кореро кушоишест. Ҳамин тавр, Тоҳиру Зуҳро ногаҳон ба Хонаи созу навои Ҳасан Ҳасанич Бармалиев меафтанд ва як имтиёзи тақдир онҳоро ба автопоезде ҳамроҳ мекунад, ки дар манотиқи камаҳолӣ ба мардум хизматрасониҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Қаҳрамонони филм дар маросимҳои тӯй ва зодрӯзи бадахшониён ширкат варзида, ба онҳо хурсандӣ ато месозанд. Филми «Ошпаз ва сароянда» дар атрофи ҳамин хати сюжет чарх мезанад ва нақши асосӣ–Зӯҳроро дар он, сарояндаи аллакай маъруфи кишвар Махфират Ҳамроқулова иҷро мекунад. Дар ин филм низ сурудҳои Зуҳро «Лунная вода» «Мама», «Если долго мучиться», «Мы не любим друг друга» бо овози Алла Пугачёва садо доданд.
Он шабу рӯз ин филм дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ хеле маъруф ва ин сурудҳо хит шуда буданду ҷавонон онро сари ҳар қадам месароиданд, махсусан, «Лунная вода», ки солҳои тӯлонӣ дар репертуари Алла боқӣ монд:

Лунная вода
Кажется всегда загадкой.
Лунная вода
Скрыла без следа
Немало тайн чужих.

Баъди гузашти солҳо Махфират Ҳамроқулова ва Примадоннаи аллакай маъруфу машҳур бо ҳам вохӯрданд ва дар чандин интервюҳояш Алла Борисовна аз Махфират ёдоварӣ намуд:
«Зебоии ғайримаъмулии Махфират буд, ки ба сурудҳои ман таваҷҷӯҳ шуд ва ман маъруф шудам, вагарна ба мани он вақт фарбеҳ ва безебак кӣ аҳмият медод» - шӯхиомез гуфтааст дар як мусоҳибааш Алла Пугачёва…

Пугачёва дар Тоҷикистон
Солҳои 70 ва баъди он Алла Пугачёва шӯҳрати бемисл ба даст овард. Вай театри сурудро асос гузошта, ба сар то сари шӯравӣ ва хориҷа сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод, аммо ба Душанбе – пойтахти Тоҷикистон хеле дер, соли 1989 омад. Консерти Алла Пугачёва дар Варзишгоҳи Фрунзе, дар сатҳи хеле олӣ баргузор шуд.
Ф. Раззоқов муаллифи китобҳо дар бораи Алла Пугачёва дар бораи сафари ӯ ба Тоҷикистон чунин менависад:
«Алларо тоҷикон шоҳона пешвоз гирифтанд. Ба истиқболи ӯ газетаи «Коммунист Таджикистана» дар борааш як саҳифа мақола нашр кард. Чиптаҳоро дар як ҳафта мардум харида буданд, ва консерт аз 1 то 4 июн бо аншлаг баргузор шуд. Ҳам рӯҳияи санъаткорон болида буд ва ҳам мардум хеле шод буданд.
Пугачёва дар як мусоҳибааш гуфтааст:
- Иқрор мешавам, ки аз Душанбе чунин интизорӣ надоштам. Тамошобини Душанбе беҳтарин тамошобин аст. Ман аз ин кишвар бо рӯҳияи болида меравам» (Ф. Раззаков. Алла Пугачёва. По ступеням славы. — М.: 2004).

Ба ҷойи орзуи нек
Алла Пугачёва Артисти халқии СССР аст ва табиист, ки Тоҷикистон чун як ҷузъи ин кишвари азим ба ҳамаи арзишҳои он ҳақи муштарак дорад. Яъне Алла Пугачёва сарояндаи маҳбуби Тоҷикистон низ ҳаст. Вай дар кинои тоҷик нақши рӯшани худро гузоштааст ва кинои тоҷик низ дар обрӯву шӯҳрати Алла Пугачёва саҳм дорад, зеро пас аз ширкат дар «Тоҷикфилм» ововзи Алла дар филмҳои зиёди дигар садо доданд ва ӯ ба сифати актриса дар чандин филм иштирок кард. Ӯ худаш ин ҳақиқатро иқрор шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД