formula
ҲАЛОКАТИ МӮЙСАФЕДИ 82-СОЛА ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-ХУҶАНД
1694

 

Беэҳтиётии ду ҷавон дар Вилояти Суғд боиси ба хоку хун оғӯшта гаштани ҷисми афсурдаи як пирамарди 82-сола гашт. Ин фоҷиаи хунин нимаи якуми рӯзи 6-уми октбр дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқуъ пайваста, бо ҳалокати мӯйсафед анҷом ёфт...

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани як садмаи хунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок хабар додааст. Тибқи иттилои ин манбаъ санаи 6-уми октябри соли ҷорӣ, тахминан соати 10:30 ронандаи автомобили “Мерседес-Бенс” Қосимов Шоҳнасими 40-сола, сокини ноҳияи Ашт, дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ” аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, бо автомобили тамғаи “Дамас” бархурд. Ин ҳодисаи хунин дар атрофи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.

Дар дохили мошини тамғаи “Дамас” ду нафар-ронанда ва мусофир ҳузур доштанд. Ронандаи 25-сола Набиҷонов Исломиддин Илҳомович ҳамагӣ 25-сол дошта, дар натиҷаи садама ҷон ба саломат бурд. Аммо...

Мусофири Турсунов Ахмадҷони 82-сола дар ин садамаи фалокатбор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт. Бобои Аҳмадҷон бо вуҷуди саломатияш вазнин будан, нахост дур аз хонаву наздикон чашм аз олами ҳастӣ бипушад ва то чандин муддат бо марг даст ба гиребон буд. Мутаассифона, инсон дар назди аҷал оҷиз аст ва бобои Аҳмадҷон хилофи орзуву армони дар дилбуда дар беморхона ҷон супурд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД