sebiston july new
Ҳалво бо шоколад ва чормағз
516

 

                         Маҳсулоти лозима:

160 грам – маска

160 грам – орд

1 стакон – шакар

1 стакон – чормағз

2 стакон – об

200 грам – қаймоқ

120 грам – шоколад

                             Тарзи таҳия:

Дар зарфе маскаро мегирем ва дар оташи паст мегузорем ки об шавад. Маска ки об шуд акнун ордро илова карда, хуб омехта мекунем. Дар оташи паст гарди ҳалворо сурх мекунем. Баъдан ба он 1 стакон шакар илова мекунем, хуб омехта карда сурх карданро давом медиҳем. Пас аз сурх кардан боз 1 стакон мағзи чормағзи куфташударо илова мекунем. Баъдан обро илова карда тез - тез мекобем то ки начаспад. Ҳалво ки тайёр шуд мемонем каме хунук шавад. Барои ороишаш қаймоқро дар оташи паст мегузорем гарм шавад, ҷӯш омаданаш шарт нест. Баъдан ба он шоколад илова карда омехта мекунем. Ҳалворо дар зарф мегирем ва аз болояш маҳлулро мерезем. Дар яхдон мемонем 2 соат дам гирад. Баъди 2 соат аз яхдон мегирем ҳалворо мебурем ва дар болояш чормағз мегузорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД