Дар тарабхонаи «Садбарг»-и шаҳри Истаравшан даври аввали озмунҳои «Як матову сад ранг» ва «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Дар фестивал даҳҳо ҳунармандону кадбонуҳои соҳибтаҷриба аз корхонаву ташкилотҳо иштирок намуда, маҳсули ҳунари худро пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд. Онҳо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, ҷомадӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар навъҳои ҳунари дастиро ба намоиш гузоштанд. Маҳсули дасти иштирокчиёни фестивал-озмуни «Як матову сад ранг», ки аз матоъҳои суннатӣ омода шудаанд, диққати тамошобинон ва ҳайати ҳакамонро ба худ ҷалб намуд. Ҳакамон ба истеъдоду маҳорати иштирокчиён баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, дар доираи озмуни «Кадбонуи беҳтарин» иштирокчиён маҳорати худро дар омода намудани таомҳои миллӣ, ороиши дастархон, риояи одоби меҳмондорӣ ва ғайра нишон доданд. Озмун ба баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, тарбияи духтарон барои ҳаёти мустақилона ва рушди фарҳанги рӯзгордорӣ мусоидат мекунад. Пухтани тамоҳои миллӣ ва тарзи дастархонороии иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмунҳо ғолибон аз рӯи номинатсияҳои гуногун муайян гардиданд. Дар фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ҷои якум насиби Малоҳат Холиқова гардид. Мавсуф бо ҳунари баланди худ ва пешниҳоди либосҳои миллӣ бо сабку услуби анъанавӣ сазовори ин мақом дониста шуд. Бояд гуфт, ки Малоҳат Холиқова аз тарроҳони машҳури шаҳр буда, бо офаридани либосҳои гуногуни миллӣ маъруф гардидааст.
Дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бошад, Барно Икромова бо маҳорати баланди кадбонугӣ, омода намудани таомҳои миллӣ ва фарҳанги баланди меҳмондорӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои арзишманду дипломҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, ба иштирокчиёни фаъоли фестивал-озмунҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Гавҳар Раҳимова иброз намуд, ки баргузории чунин фестивал-озмунҳо барои рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна чорабиниҳо имконият фароҳам меоранд, ки занону духтарон истеъдоди худро нишон дода, дар ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
Дар маҷмуъ, фестивал-озмунҳои «Як матову сад ранг» ва «Кадбонуи беҳтарин» ба як саҳнаи намоиши ҳунару зебоӣ ва гирдиҳамоии дӯстдорони фарҳанги миллӣ табдил ёфта, бори дигар собит намуданд, ки занони тоҷик дар нигоҳдорӣ ва рушди анъанаҳои миллӣ нақши муҳим доранд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ