Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тиби анъанавӣ, ки бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Саммити мазкур чорабинии сатҳи баланд буда, он ба мавзуи "Барқарор кардани тавозун: Илм ва амалия барои саломатӣ ва некӯаҳволӣ" ва ба пешбурди нақши тиби анъанавӣ дар низомҳои тандурустӣ ва рушди фарогир бахшида шудааст.
- Дар Саммити мазкур роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок дошта, ин чорабинӣ то 19-уми декабри соли ҷорӣ идома меёбад,- меафзояд манбаъ.