sebiston july new
«Амонатбонк» занону духтарони роҳбарро дастгирӣ мекунад
312

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар “Амонатбонк» барои занону духтарон машварати омӯзишӣ баргузор гашт.Ин чорабинӣ дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» баргузор гашта, ҳадаф аз он баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқию сиёсӣ ва малакаву маҳорати роҳбарии занону духтароне буд, ки дар вазорату идораҳои давлатӣ фаъолият менамоянд.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зимни машварат таъкид шуд, ки имрӯз зан-модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии худ дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат саҳми арзанда мегузорад.

Ин аст, ки сафи занону духтарони роҳбар сол то сол афзуда, бонувони оқилаву фарзонаи мо бо илму хирад, завқи баланд ва дилу виҷдони поки худ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши сазовори хешро мегузоранд.

“Бо дастуру супориш ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи занону духтароне, ки дар «Амонатбонк» фаъолият мекунанд, рӯз то рӯз зиёд гардида, ҳоло 1377 нафарро ташкил медиҳад, ки 47%-и шумораи умумии онҳо кормандони соҳибтахассус мебошанд”-навиштааст “Ховар” Бояд тазаккур дод, ки занону духтарони «Амонатбонк» дар ҷавоб ба дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар бо садоқати баланд рисолати худро иҷро карда, дар пешрафти низоми бонкии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД