Маҳсулоти лозима:
250 грамм ё 1 қуттӣ фалла (творог), 2 тухм, 1 қошуқча намак, 1 қошуқча шакар, 2-3 қошуқ сметана, 2 қошуқ равғани растанӣ, 1/2 қошуқча сода, орд.
Тарзи таҳия:
Фаллаву тухм, намак, шакар, сметана, равған, содаву ордро омезиш дода, хамири мулоим омода созед. Аз хамир 15-16 дона сақоча сохта, ҳар кадомашро каме тунук карда, мувофиқи табъи худ дар даруни он қимаи дилхоҳатонро гузошта, баъдан самбӯсаҳои тайёршударо дар равған бирён кунед.